Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Муҷтабо Хоманаӣ раҳбари нави Эрон муаррифӣ шуд

Муҷтабо Хоманаӣ раҳбари нави Эрон муаррифӣ шуд

Муҷтабо Хоманаӣ, як чеҳраи тундрав, ки қаблан раисҷумҳури Амрико "шахсияти заиф" ва "ғайри қобили қабул" номида буд, ба ҷойи падараш оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари олии Эрон шудааст. Ин қарор метавонад ӯро ҳадафи мустақими нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва Исроил қарор диҳад. Алии Хоманаӣ 28-уми феврал, дар рӯзи аввали ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ, кушта шуд.

Маҷлиси Хубрагони Эрон бо нашри баёние гуфт, бо вуҷуди шароити ҷангӣ раванди интихоби раҳбари севуми Ҷумҳурии Исломиро “бевақфа” анҷом дод, “то кишвар дучори халои раҳбарӣ нашавад” ва аз шаҳрвандон низ хост, бо раҳбари нав “байъат” кунанд.

Муҷтабо Хоманаии 56-сола дар ҳоле ба унвони раҳбари нав дар Эрон муаррифӣ шудааст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 8-уми март таҳдид кард, агар мақомҳои эронӣ ибтидо таъйиди ӯро нагиранд, раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ “дер нахоҳад поид”.

Трамп дар мусоҳиба бо ABC News дар бораи раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ гуфт: “Ӯ бояд таъйиди моро дошта бошад. Агар таъйиди моро нагирад, муддати зиёде давом нахоҳад овард. Мо мехоҳем мутмаин шавем, ки маҷбур набошем ҳар даҳ сол як бор ба ин мавзуъ баргардем.”

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида рӯзи 5-уми март низ дар мусоҳибаи телефонӣ бо Axios гуфта буд, ки ӯ бояд шахсан дар интихоби раҳбари баъдии Эрон нақш ё саҳм дошта бошад ва ҳамчунин ҷонишинии Муҷтабо Хоманаиро рад кард.

Доналд Трамп дар ин гуфтугӯ, Муҷтабо Хоманаиро шахсе “заиф” донист ва афзуд: “Писари Хоманаӣ барои ман қобили қабул нест. Мо касеро мехоҳем, ки барои Эрон оромишу сулҳ биёварад”.

Артиши Исроил ҳам ҳушдор додааст, ки ба таъқиби ҷойгузини Алии Хоманаӣ идома хоҳад дод.

Интихоби Муҷтабо Хоманаӣ ба унвони раҳбари нав барои нахустин бор дар таърихи ин низом навъе интиқоли қудрати хонаводагӣ аз падар ба фарзандро рақам мезанад. Вай солҳо ба унвони чеҳрае камзоҳир, аммо бонуфуз дар пушти саҳна шинохта мешуд, ҳарчанд ҳеч масъулияти расмии ҳукуматӣ ва тақрибан ҳеч суханронии шинохташудае надоштааст.

Интихоби ӯ дар шароите анҷом шудааст, ки Эрон илова бар пайомадҳои ҳамлаҳои низомии охир, бо буҳронҳои густардаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, зистмуҳитӣ ва сиёсӣ рӯбарӯст.

Бисёре аз мунтақидон пештар нисбат ба меросӣ шуданӣ раҳбарӣ ҳушдор дода буданд ва акнун ин пурсишро матраҳ кардаанд, ки раҳбари нави Эрон, ки таҷриба надорад ва бахши бузурги ҷомеа низ машруияти низомро ба чолиш кашидаанд, чӣ гуна метавонад кишварро дар миёни ин буҳронҳо идора кунад.

Исроил дар бораи марги Сардори хадамоти амнияти Эрон лариҷонӣ хабар дод

Исроил дар бораи марги Сардори хадамоти амнияти Эрон лариҷонӣ хабар..

Котиби Шӯрои амнияти миллии Эрон Алӣ Лариҷонӣ шаби гузашта дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии исроил ба Эрон...

Ашуров Рустам, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба асъори миллию меъёрҳои ахлоқӣ дастгир карда шуд.

Ашуров Рустам, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, аз ҷониби..

Ашуров Рустам, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи...

Бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо ва марказҳои савдои пойтахт, дар остонаи таҷлили Иди Қурбон аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, рейду чорабиниҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондади

Бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар..

Бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо ва марказҳои савдои пойтахт, дар...

Си Ҷинпин: гузаргоҳи Ормуз бояд барои киштиҳои озод кушода бошад

Си Ҷинпин: гузаргоҳи Ормуз бояд барои киштиҳои озод кушода бошад..

Раиси ЧИН таъкид Кард, Ки Чин ҷонибдори оташбаси фаврӣ ва ҳамаҷониба аст ва тамоми талошҳои сулҳро...

Дар Лубнон 50 нафар дар натиҷаи бомбаборони Исроил кушта шуданд

Дар Лубнон 50 нафар дар натиҷаи бомбаборони Исроил кушта шуданд..

Дар давоми рӯзҳои гузашта дар бомбаборони Нерӯҳои исроилӣ Дар Қаламрави Лубнон ҳадди аққал 50 нафар...

Лукашенко Аз Зеленский узр пурсид, аммо ба Ӯ ҳушдори сахт дод

Лукашенко Аз Зеленский узр пурсид, аммо ба Ӯ ҳушдори сахт дод..

Владимир Зеленский бояд тозатар ва эҳтиеткор бошад. Дар ин бора президенти Беларус Александр Лукашенко...

Комментарии (0)