Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Аз саноат то нақлиёту энергетика: Имзои 15 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Корея

Аз саноат то нақлиёту энергетика: Имзои 15 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Корея
Тоҷикистону Корея Ҷанубӣ ҳамкориҳои судмандро дар ҳама бахшҳои иқтисод тақвият хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik.Дар шаҳри Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.
дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Раҳбари Тоҷикистон тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Кореяро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Қайд карда шуд, ки дар робитаҳои ду кишвар авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад.
"Ифтитоҳи намояндагии Агентии рушди савдо ва сармоягузории Корея (KOTRA) дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид", - қайд кардааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфиятҳои инсонӣ тавассути барномаҳои таълимию академӣ ва ҷудо намудани квотаҳои давлатии таҳсилӣ ба шаҳрвандони кишвар муҳим донист.
Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки теъдоди ин бурсияҳо, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ зиёд гардида, ба тавсеаи робитаҳои миёни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Корея бартарӣ дода шавад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми музокироти сатҳи олӣ аз Президенти Корея муҳтарам Ли Ҷе Мён даъват намуд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Сипас маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни ҳайатҳои ду кишвар сурат гирифт.
Дар шаҳри Сеул аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар Ҷопон ду қаиқ бо эътирозгарони зидди сохтмони ПОЙГОҲИ ИМА ба замин афтоданд, кушташудагон ҳастанд

Дар Ҷопон ду қаиқ бо эътирозгарони зидди сохтмони ПОЙГОҲИ ИМА ба..

Дар Ҷопон ду қаиқ бо эътирозгарони зидди сохтмони пойгоҳи амрикоӣ ба замин афтоданд, ки дар натиҷа ду...

Эрон Аз Исроил ВА ИМА талаб кард ки зарари зарбаҳо ба объектҳои атомии худро ҷуброн кунанд

Эрон Аз Исроил ВА ИМА талаб кард ки зарари зарбаҳо ба объектҳои..

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Аракчӣ дар РОБИТА ба зарбаҳои има ва Исроил ба иншооти ҳастаии эрон ба...

Арзиши амалиети има алайҳи Эрон аз 35 миллиард доллар зиед буд

Арзиши амалиети има алайҳи Эрон аз 35 миллиард доллар зиед буд..

Кохи сафед дигар намехоҳад" ба ерии паллиативии НАТО партояд". Дар Ҳоле Ки Аврупо кӯшиш...

Ҳамватанони азиз!

Ҳамватанони азиз!..

Ҳамватанони азиз!...

Эрон ВА ИМА дар пасманзари маросими видоъ Бо Алӣ Хоманаӣ табодули зарбаҳо карданд

Эрон ВА ИМА дар пасманзари маросими видоъ Бо Алӣ Хоманаӣ табодули..

Пештар Доналд Трамп изҳор дошт, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар вақти дафн як ҳафта дар...

Дар Олмон аз сабаби гармӣ дар Соли 2026 14 ҳазор нафар фавтиданд

Дар Олмон аз сабаби гармӣ дар Соли 2026 14 ҳазор нафар фавтиданд..

Аз аввали соли Ҷорӣ дар Олмон тақрибан 14 ҳазор нафар қурбони оқибатҳои ҳавои гарм шуданд. Дар ин бора...

Комментарии (0)