Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Дарёфти ҷасадҳои ду марзбони тоҷике, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буданд

Дарёфти ҷасадҳои ду марзбони тоҷике, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буданд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълон кард, ки ҷасадҳо дар мавзеи пайвастшавии дарёи Сурхоб ба дарёи Панҷ, дар ҳудуди ноҳияи Фархор, дарёфт гардиданд
Пас аз чанд рӯзи ҷустуҷӯ, наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҷасадҳои ду хизматчии ҳарбиро, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буданд, дарёфт намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки 24 июли соли равон, афсар ва сарбози қатории дидбонгоҳи №5-и қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Фархор, бо сабабҳои номаълум дар дарёи Панҷ ғарқ гардида буданд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба ҷустуҷӯи ғарқшудагонро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монданд, ки он натиҷа додааст.
“Дар натиҷаи ин тадбирҳо, 28 июли соли ҷорӣ, ҷасадҳои сарбози қаторӣ ва лейтенант нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар масофаи тақрибан 5 километр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар мавзеи пайвастшавии дарёи Сурхоб ба дарёи Панҷ, дар ҳудуди ноҳияи Фархор, дарёфт гардиданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Лозим ба ёдоварист, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон то кунун ҷасади духтари се солаи Алишер Мирзонаботро дар маҷрои дарёи Панҷ ва ҳудуди атрофи он пайдо накардаанд ва корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Қаблан ҷасади раиси ВМКБ баъд аз ду ҳафтаи сарозер шудани мошин ба дарёи Панҷ, субҳи 30-юми июн дар ҳудуди деҳаи Кишти ноҳияи Шамсидддин Шоҳин пайдо ва ҳамон рӯз дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон дафн карданд.
Пеш аз пайдо шудани ҷасади худи Алишер Мирзонабот, мақомот рӯзҳои 26 ва 27-уми июн ҷасади ёвар ва ронандаашро пайдо карда буданд.
Ҷасади Амина Амонуллоева, ҳамсари Алишер Мирзонабот рӯзи 3-юми июл дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёфт шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ҳангоми қарор доштан дар назди дарёву кӯлҳо ва дигар обанборҳо қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.
КҲФ қайд кардааст, ки ҷасадҳои дарёфтшуда тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.
Исроил ҷонибдори боздоштани зарбаҳо ба Эрон аст

Исроил ҷонибдори боздоштани зарбаҳо ба Эрон аст..

Исроил боздоштани зарбаҳои ИМА ба Эронро дастгирӣ мекунад. Дар ин бора Дар изҳороти Сарвазири Исроил...

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида мешаванд

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида..

Фаронсавӣ аз тарси паҳншавии хантавирус ба дорухонаҳо барои харидани ниқобҳои тиббӣ шитофтанд, хабар...

Навори муноқишаи ду нафар ҷавон, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ ба миён омадааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон шудааст.

Навори муноқишаи ду нафар ҷавон, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ ба..

Навори муноқишаи ду нафар ҷавон, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ ба миён омадааст, дар шабакаҳои...

Садақаи сокинон дар роҳҳои Тоҷикистон боиси танбашавии нақлиёт шудааст

Садақаи сокинон дар роҳҳои Тоҷикистон боиси танбашавии нақлиёт шудааст..

Шӯрои уламои Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз сокинон хоҳиш кардааст, ки аз тақсими ғизо ва садақаро...

Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Миёна гуфт

Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Миёна гуфт..

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Марказӣ, ки хонаи тақрибан 85...

Бӯҳрони режими саҳюнистӣ | вазъи Ҷаҳонии Исроил дар ҳолати таърихан бадтарин; Огоҳии нависандаи исроилӣ

Бӯҳрони режими саҳюнистӣ | вазъи Ҷаҳонии Исроил дар ҳолати таърихан..

Нависанда Ва фаъоли исроилӣ Ҳейн Мазиг изҳор дошт, ки симои ҷаҳонии режими саҳюнистӣ аз замони...

Комментарии (0)