Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Миёна гуфт

Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Миёна гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Марказӣ, ки хонаи тақрибан 85 миллион нафар аст, ибрози нигаронӣ карда, хостори таҳкими ҳамкориҳо дар истифодаи босамари об дар минтақа шудааст.

Ӯ рӯзи 22 апрел зимни суханронӣ дар ҳамоиши минтақавии зистмуҳитӣ, ки дар шаҳри Остона сурат мегирад, гуфтааст, обшавии пиряхҳо, дар саросари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон, суръати бештар мегирад ва ин "ба вайроншавии тавозуни об, таҳдидҳо ба муҳити зист ва афзоиши фалокатҳои табиӣ оварда мерасонад".

Дар нишасти минтақавӣ, ки дар шаҳри Остона се рӯз идома мекунад ва раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ҳузур доранд, масоили ташкили сиёсати муштарак барои ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари об ва муҳофизати олами набототу ҳайвоноти минтақа баррасӣ мешаванд.

Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон дар чанд соли гузашта сари тақсими об дар минтақа баҳсҳои зиёде доштанд.

Агарчӣ баҳсҳо фӯру нишастаанд, вале ихтилофоти назар боқӣ мондааст ва аз тарафи дигар сиёсатҳои худи ҳукуматҳо мушкилоти зиёди зистмуҳитӣ, аз қабили норасоии об, табоҳшавии замин, коҳиши ҷангалзорҳоро ба вуҷуд овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Миёна гуфт

Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Миёна гуфт..

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Марказӣ, ки хонаи тақрибан 85...

Сарбози Вазорати мудофиа худро дар рӯди Кофарниҳон ғарқ кардааст

Сарбози Вазорати мудофиа худро дар рӯди Кофарниҳон ғарқ кардааст..

Як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон дар ноҳияи...

Раҳмон дар Қирғизистон бо Гутерриш ва Пашинян чиро баррасӣ кард?

Раҳмон дар Қирғизистон бо Гутерриш ва Пашинян чиро баррасӣ кард?..

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо...

Гузоришҳо аз кушта шудани як зани тоҷик дар Афғонистон

Гузоришҳо аз кушта шудани як зани тоҷик дар Афғонистон..

Як зани пизишк аз Тоҷикистон дар вилояти Кундузи Афғонистон кушта шудааст. Дар ин бора телевизиони...

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида мешаванд

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида..

Фаронсавӣ аз тарси паҳншавии хантавирус ба дорухонаҳо барои харидани ниқобҳои тиббӣ шитофтанд, хабар...

Гренландия метавонад 51-умин иелати Има то Рӯзи Истиқлолияти оянда бошад

Гренландия метавонад 51-умин иелати Има то Рӯзи Истиқлолияти оянда..

Гренландия метавонад дар рӯзи 251-уми истиқлолияти ИМА ба иелати нав табдил ебад. Дар ин бора...

Комментарии (0)