Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Талаби як мансабдори ВКД аз маъмурони милиса- Бо мардум дағалӣ накунед.

Талаби як мансабдори ВКД аз маъмурони милиса- Бо мардум дағалӣ накунед.

Як мансабдори баландпояи Вазорати корҳои дохилӣ аз маъмурони милиса ва нозирони роҳ дар шаҳри Панҷакент хостааст, бо мардум хушмуомилаву нарм бошанд ва дағаливу бадрафторӣ накунанд.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 10-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, генерал Маҳмадсафар Пирзода аз афсарону маъмурони милисаи шаҳри Панҷакент хостааст, ҳангоми иҷрои вазифа манфиати давлату ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд ва аз ҳадди ваколати хидматӣ нагузаранд.

Дар баёния ҳамчунин омадааст, Маҳмадсафар Пирзода аз ҳайати кормандон талаб кардааст, ки “зимни иҷрои вазифа бо мардум хушмуомила бошанд.”

Пирзода сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аст.

Ҷаласа бо маъмурони милиса дар шаҳри Панҷакент баъди ҷанҷолу кашмакаши нозирони роҳ бо ронандагон дар ноҳияи Мастчоҳ сурат гирифт.

Баъди нашри видеои ин моҷарои ҳиҷолатовар барои мақомоти интизомии Тоҷикистон, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6-уми март раҳбарони додгоҳ, додситонӣ ва пулиси ноҳияи Мастчоҳро аз мақомҳояшон барканор кард.

Дар ин видео, ки рӯзи 3-юми март корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки чанд нозири роҳ бо ронандагон даъвову кашмакаш доранд ва ҳамдигарро дашномҳои зишту қабеҳ медиҳанд.

Шикоят аз бадрафтории маъмурони милиса ва тамаъҷӯии нозирони роҳ дар Тоҷикистон ҳамеша вуҷуд дорад, агарчӣ Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳар касе, ки аз салоҳиятҳои хидматии худ фаротар меравад, ҷазо мегирад.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли дар панҷ соли ахир 2,1 маротиба афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли дар панҷ соли ахир..

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир рушди устувор ва назаррасро нишон додааст...

Дарёфти ҷасадҳои ду марзбони тоҷике, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буданд

Дарёфти ҷасадҳои ду марзбони тоҷике, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуда..

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълон кард, ки ҷасадҳо дар мавзеи пайвастшавии дарёи Сурхоб ба...

Мавҷи 78-уми амалиети "ваъдаи ростқавл 4": ҳадафҳои саҳюнистӣ-амрикоӣ дар зери оташи мушакҳои эронӣ

Мавҷи 78-уми амалиети "ваъдаи ростқавл 4": ҳадафҳои..

Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Корпуси посдорони инқилоби исломӣ дар як баенияи нави матбуотӣ эълон кард, ки...

Дар Тоҷикистон дар ҷараени форуми "Кӯдакони Иттиҳод" беш аз 30 чорабинӣ баргузор мешавад

Дар Тоҷикистон дар ҷараени форуми "Кӯдакони Иттиҳод" беш аз..

Дар ДАВОМИ ФОРУМИ XI Байналмилалии фарҳангӣ Ва таълимии "Кӯдакони Иттиҳод", ки Дар Тоҷикистон...

Раҳмон гуфт, вилояти Суғд дар гузашта қариб комилан бе барқ мемонд

Раҳмон гуфт, вилояти Суғд дар гузашта қариб комилан бе барқ мемонд..

Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди инфрасохтори энергетикии вилояти...

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, хабар доданд, ки фарзанди онҳо давоми чанд рӯз боз бедарак гардидааст.

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия..

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, хабар доданд, ки...

Комментарии (0)