Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли дар панҷ соли ахир 2,1 маротиба афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли дар панҷ соли ахир 2,1 маротиба афзоиш ёфт
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир рушди устувор ва назаррасро нишон додааст
ДУШАНБЕ, 18 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли 2020 то соли 2025 аз 31,4 миллиард сомонӣ то 66,4 миллиард сомонӣ расидааст.
Яъне ба иттилои Агентии омор 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2021 истеҳсоли саноатӣ 37,9 миллиард сомонӣ, дар соли 2022 - 41,6 миллиард, дар соли 2023 - 45,4 миллиард ва дар соли 2024 - 54,4 миллиард сомониро ташкил дод.
Дар муқоиса бо соли 2000, вақте ки истеҳсоли саноатӣ 5,798 миллиард сомониро ташкил медод, ин рақам дар соли 2025 тақрибан 11,4 маротиба афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, рушди саноатии кишвар аз замони истиқлолиятро тақрибан ба се марҳила тақсим кардан мумкин аст: коҳиш дар солҳои аввал, барқароршавӣ дар солҳои 2000-2015 ва афзоиши босуръати дар солҳои ахир.
Ёдовар мешавем, ки Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар моҳҳои январ–майи соли 2026 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 27 млрд 597,0 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (бо нархҳои муқоисавӣ) 13,4% зиёд гардидааст.
Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ аз рушди устувори бахшҳои асосии соҳа шаҳодат медиҳад. Саҳми назаррас дар ин равандро пеш аз ҳама саноати коркард гузошта, ҳаҷми истеҳсолоти он 26,9% афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, дар бахши таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво афзоиши истеҳсолот 15,6% ва дар бахши таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва истеҳсоли маҳсулоти дуюмдараҷа 21% ба қайд гирифта шудааст.
Дар Олмон дар Соли 2025 қариб 190 ҳазор ширкат баста шуданд

Дар Олмон дар Соли 2025 қариб 190 ҳазор ширкат баста шуданд..

Дар Олмон Дар Соли 2025 187,744 ширкат баста шуданд, ки ин баландтарин дар тақрибан 20 сол буд. Дар ин...

ЗАКОТ БА КӢ ФАРЗ АСТ, ОНРО БОЯД БА КИҲО ДОД ВА КӢ АЗ ИН САДАҚАИ ҲАТМӢ ОЗОД АСТ? МУҲИМТАРИН НУКОТ ДАР БОРАИ ЗАКОТ

ЗАКОТ БА КӢ ФАРЗ АСТ, ОНРО БОЯД БА КИҲО ДОД ВА КӢ АЗ ИН САДАҚАИ ҲАТМӢ..

ЗАКОТ БА КӢ ФАРЗ АСТ, ОНРО БОЯД БА КИҲО ДОД ВА КӢ АЗ ИН САДАҚАИ ҲАТМӢ ОЗОД АСТ? МУҲИМТАРИН НУКОТ ДАР...

Абдуллоев Умедҷон, сокини 39-солаи ноҳияи Вахш, дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ ва ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешавад.

Абдуллоев Умедҷон, сокини 39-солаи ноҳияи Вахш, дар содир намудани..

Абдуллоев Умедҷон, сокини 39-солаи ноҳияи Вахш, дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ ва ташкили...

Коршиноси СММ: Тоҷикистон ҳамоно пойбанди пули муҳоҷирон аст

Коршиноси СММ: Тоҷикистон ҳамоно пойбанди пули муҳоҷирон аст..

Як коршиноси Созмони Милал гуфтааст, ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба рушд аст, ҳамоно аз муҳоҷирати...

Тоҷикистон ба мардуми осебдида дар Эрон кумак фиристодааст

Тоҷикистон ба мардуми осебдида дар Эрон кумак фиристодааст..

Тоҷикистон барои кумак ба мардуми осебдида дар Эрон дар 110 мошин ёрии башардӯстона фиристодааст....

Комментарии (0)