DataLife Engine / Истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли дар панҷ соли ахир 2,1 маротиба афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли дар панҷ соли ахир 2,1 маротиба афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир рушди устувор ва назаррасро нишон додааст
ДУШАНБЕ, 18 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли 2020 то соли 2025 аз 31,4 миллиард сомонӣ то 66,4 миллиард сомонӣ расидааст.
Яъне ба иттилои Агентии омор 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2021 истеҳсоли саноатӣ 37,9 миллиард сомонӣ, дар соли 2022 - 41,6 миллиард, дар соли 2023 - 45,4 миллиард ва дар соли 2024 - 54,4 миллиард сомониро ташкил дод.
Дар муқоиса бо соли 2000, вақте ки истеҳсоли саноатӣ 5,798 миллиард сомониро ташкил медод, ин рақам дар соли 2025 тақрибан 11,4 маротиба афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, рушди саноатии кишвар аз замони истиқлолиятро тақрибан ба се марҳила тақсим кардан мумкин аст: коҳиш дар солҳои аввал, барқароршавӣ дар солҳои 2000-2015 ва афзоиши босуръати дар солҳои ахир.
Ёдовар мешавем, ки Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар моҳҳои январ–майи соли 2026 корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 27 млрд 597,0 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (бо нархҳои муқоисавӣ) 13,4% зиёд гардидааст.
Афзоиши истеҳсолоти саноатӣ аз рушди устувори бахшҳои асосии соҳа шаҳодат медиҳад. Саҳми назаррас дар ин равандро пеш аз ҳама саноати коркард гузошта, ҳаҷми истеҳсолоти он 26,9% афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, дар бахши таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво афзоиши истеҳсолот 15,6% ва дар бахши таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва истеҳсоли маҳсулоти дуюмдараҷа 21% ба қайд гирифта шудааст.
18-09-2026, 17:54
Вернуться назад