{exrate}

НАРХИ ГУЗАШТАН АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ МАЪЛУМ ШУД

НАРХИ ГУЗАШТАН АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ МАЪЛУМ ШУД
НАРХИ ГУЗАШТАН АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ МАЪЛУМ ШУД
Вакилони парлумон созишномаи дахлдорро ба тасвиб расониданд
-----
Муаллиф: Шоираи Қудрат, Asia-Plus
Муҳоҷирони меҳнатӣ бо пардохти 240 сомонӣ метавонанд, ки муоинаи тиббиро барои гирифтани "патент" дар Тоҷикистон гузаранд. Дар ин бора Саломуддин Юсуфӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як ҷаласаи парлумон гуфтааст.
Дар ин маҷлис, вакилони парлумони Тоҷикистон, Созишнома дар бораи гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русияро ба тасвиб расонидаанд.
Ин созишнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия мераванд, иҷозат медиҳад, ки дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии пизишкиро ҳаминҷо бигиранд. Ҳоло муҳоҷирони тоҷик муоинаи тиббиро танҳо дар Русия мегузаранд. Гузаштан аз ташхиси тиббӣ яке аз талабот барои гирифтани иҷозатномаи кор (патент) дар Русия аст.
Саломуддин Юсуфӣ рӯзи 4-уми марти имсол дар назди вакилони парлумон гуфтааст, дар сурати қабули созишномаи мазкур, шаҳрвандони кишвар метавонанд муоинаи тиббиро дар ҳудуди Тоҷикистон бо пардохти 240 сомонӣ (барои бахши хусусӣ - 300 сомонӣ) “дар муасиссиаҳои интихобшуда” гузаранд.
Вале нагуфтааст, ки муассисаҳои интихобшуда кадомҳоянд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нуқтаи тиббӣ дар яке аз муассисаҳои тиббии Душанбе таъсис меёбад ва дар асоси қонунгузории Русия кор карда, Тоҷикистон ин марказро аз супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод мекунад.
Ба иттилои ӯ, ин хидматрасонӣ дар ҳудуди Русия аз 8 то 10 ҳазор рубл (тақрибан 960-1200 сомонӣ ба ҳисоби имрӯз) арзиш дорад.
“Агар шаҳрванди Тоҷикистон бидуни пешниҳоди маълумот дар бораи вазъи саломатиаш ва мусофирати муваққатӣ ба Русия мубталои бемории ВНМО ё сил пас аз муоинаи тиббӣ ошкор шавад, дар бисёр маврид онҳо табъид (депортатсия) мешаванд”, - гуфтааст муовини вазир.
Ба қавли ӯ, яке аз далоили қабули созишномаи мазкур низ пешгирии саривақтӣ аз чунин ҳолатҳо буда, лоиҳаи созишнома бо ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат ва муҳоҷират, Оҷонсии зиддифасод, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук мувофиқа шудааст.
Ин созишнома рӯзи 9-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд.
Баъдтар онро ҳукумати Русия тасдиқ карда, барои баррасӣ ба Думаи давлатии ин кишвар фиристода буд.
Қаблан, муҳоҷирон дар Русия аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд, ки сарсонии зиёд, хароҷоти зиёди молиявӣ дар пай дошт ва аксаран бо баҳонаи мубталои бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар бозпас мегардониданд.
Мақомоти ҳарду кишвар изҳор мекунанд, ки ин санад "ҷиҳати танзиму тартиби раванди муҳоҷирати корӣ, баланд бардоштани шаффофияти расмиёт ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи шуғл равона шудааст".
Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд.
Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши "патент" ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо кор ба муҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.
Бафаева Саодат, сокини 60-солаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ва ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешавад.

Бафаева Саодат, сокини 60-солаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани..

Бафаева Саодат, сокини 60-солаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан...

Генерал Мусавӣ ва генерал-майор Насирзода ба ҳамсабақони шаҳидии худ ҳамроҳ шуданд

Генерал Мусавӣ ва генерал-майор Насирзода ба ҳамсабақони шаҳидии худ..

Идораи ҳифзи асарҳо ва паҳн кардани арзишҳои мудофиа ва муқовимати муқаддас дар бораи шаҳидшавии...

БОЗДОШТИ ЯК ӮЗБЕКИСТОНӢ ДАР ИСРОИЛ ПАС АЗ НАШРИ НАВОРИ ФИРОРИ СОКИНОНИ ИН КИШВАР БА ПАНОҲГОҲҲО

БОЗДОШТИ ЯК ӮЗБЕКИСТОНӢ ДАР ИСРОИЛ ПАС АЗ НАШРИ НАВОРИ ФИРОРИ..

БОЗДОШТИ ЯК ӮЗБЕКИСТОНӢ ДАР ИСРОИЛ ПАС АЗ НАШРИ НАВОРИ ФИРОРИ СОКИНОНИ ИН КИШВАР БА ПАНОҲГОҲҲО...

НАРХИ ГУЗАШТАН АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ МАЪЛУМ ШУД

НАРХИ ГУЗАШТАН АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ..

НАРХИ ГУЗАШТАН АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ МАЪЛУМ ШУД...

Текеи 500-солаи усмонӣ дар Ерусалим ба имондорони ифтор хӯрокҳои гарм медиҳад

Текеи 500-солаи усмонӣ дар Ерусалим ба имондорони ифтор хӯрокҳои гарм..

Маҷмааи таърихӣ Дар моҳи Муқаддаси Рамазон ба ниезмандон менюи бой пешниҳод мекунад Дар маҷмааи...

Комментарии (0)