Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Тақсими доруи "Албендазол" дар мактабҳои Тоҷикистон ҷанҷолӣ шуд

Тақсими доруи "Албендазол" дар мактабҳои Тоҷикистон ҷанҷолӣ шуд

Пахши наворе, ки дар он як духтар аз дарди шикам шикоят карда, волидонаш мегӯянд, ӯ баъд аз хӯрдани доруе дар мактаб ба ин ҳол афтод, баъзе аз падару модаронро дар Тоҷикистон ба ташвиш овардааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ба хонандагон доруи зидди кирми рӯда медиҳад, аммо сарусадоро дар бораи бемор шудани онҳо инкор кард.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, видео рӯзи 6-уми апрел сабт шудааст. Наврас ёздаҳсола аст ва хонандаи мактаби рақами 22 дар дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон.

Як намояндаи ин мактаб рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аҳволи хонанда баъд аз хӯрдани доруи "Албендазол", ки барои нобуд кардани кирми рӯдаву меъда аст, бад шуд. Чанд хонандаи дигар ҳам аз дилбеҳузурӣ ва сарчархӣ шикоят кардаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, пас аз паҳн шудани навор, мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонӣ таҳқиқи ҳодисаро сар кардаанд. Ӯ ба далели пеш наомадани мушкил дар кораш нахост номашро нависем.

"Баъд аз истеъмоли дору ҳафт нафар аз синфҳои чорум аз саломатӣ шикоят карданд. Ду нафарашонро 6-уми апрел ба беморхона бурданд, панҷ нафарашон сарчархӣ доштанд. Рӯзи 7-уми апрел аҳволи навраси дар видеобуда дубора бад шуд ва ёрии таъҷилӣ даъват кардем," - афзуд мусоҳиби мо.

Дар вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон омадааст, наврасе, ки навори бад шудани саломатияш дар шабакаҳо паҳн шуд, гирифтори бемории қанди ирсӣ аст.

Падари наврас низ 9-уми апрел худаш телефонӣ бо Радиои Озодӣ тамос гирифта, гуфт, ки феълан духтараш дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ зери назорати пизишкон асту аҳволаш хуб аст ва ӯ бемории қанд дорад. Радиои Озодӣ мустақилона натавонист ин маълумотро тасдиқ кунад.

“Доруи бегонаро намегирем”

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳар сол барои пешгирӣ ва нобуд кардани кирми рӯдаву меъда ба хонандагон дору медиҳанд. Тибқи омори Вазорати тандурустӣ, дар баъзе ноҳияҳо то 80 дарсади наврасон кирми меъда ва рӯда доранд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Раёсати амнияти беҳдории Вазорати тандурустӣ гуфт, ба наврасон танҳо доруҳое дода мешавад, ки “сертификати мутобиқат ва бехатарӣ” доранд ва аз сӯи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод шудаанд.

“Доруи шинохтаеро мегирем, ки аллакай дар Тоҷикистон истифода шудааст ва натиҷаи хуб ҳам доштааст. “Албендазол" бо номҳои гуногун дар бозори дохилӣ ҳаст. Доруе, ки мо истифода мебарем махсусан барои кӯдакон аст, “Албендазол” 400 аст. Вобаста ба вазни кӯдак миқдорашро муайян мекунанд,” – афзуд Наврӯз Ҷаъфаров.

Тибқи маълумот аз манобеи боз, “Албендазол” барои маҳви кирми рӯда пешбинӣ шудааст. Ин дору барои наврасони аз 7 то 14-сола пешбинӣ шуда, метавонад дар бархе боис ба дилбеҳузурӣ, дарди сар ё сарчархӣ шавад.

Наврӯз Ҷаъфаров, намояндаи Вазорати тандурустӣ гуфт, ба пизишкон чанд қоидаи асосиро фаҳмондаанд: "Кормандони соҳаи тиб бо дастурамалҳо шинос мешаванд, ки дар кадом вақт бояд доруро диҳанд, оё кӯдак ғизо хӯрда бошад ё не, яъне агар саҳар бошад. Як рӯз пеш таъкид мекунанд, ки фардо давраи тақсими дору аст ва шиками гурусна наоед. Баъдан ҳолати рӯҳию равонии кӯдак дар кадом вазъ аст, мутахассиси тиббе, ки ба мактаб вобаста шудааст, бояд аз масъала хабардор бошад ва қайди махсус дошта бошад."

Маълум нест, ки дар вақти тақсими дору ин талабот то куҷо пурра риоя шудаанд.

"Духтур бояд донад, ки кӯдак чӣ беморӣ дорад"

Сокинон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар бораи иқдоми Вазорати тандурустӣ назари яксон надоранд. Парвина Ҳасанова, сокини Душанбе, гуфт, "ман ҳамеша бо духтури кӯдакон машварат мекунам, зеро ҳар чиз шуданаш мумкин."

Як пизишки тоҷик, ки дар Русия кор мекунад, гуфт, "пеш аз он ки ба кӯдак дору диҳанд, духтури маҳалла бояд донад, ки кӯдак чӣ касалӣ дорад. Вобаста ба шароити кӯдак доруро диҳанд. Дар ягон қонуни тандурустӣ наомадааст, ки бе иҷозати волидон дору диҳанд. Дар асоси корти тиббӣ бояд дида шавад, ки кӯдак чӣ беморӣ дорад."

Дар Тоҷикистон наврасон аз лаҳзаи таваллуд то 18-солагӣ бо ваксинаҳои гуногун эм карда мешаванд. Аммо хеле кам иттифоқ меуфтад, ки дар пайи эмкунӣ ё додани дору ба наврасон чунин сарусадо ба миён ояд.

Дар ҳолати сархушӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадор ва дигар маводҳои мадҳушкунанда, идора намудани воситаи нақлиёт метавонад сабабгори рух додани садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ гардад.

Дар ҳолати сархушӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадор ва..

Дар ҳолати сархушӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадор ва дигар маводҳои мадҳушкунанда, идора...

Дар Лубнон 50 нафар дар натиҷаи бомбаборони Исроил кушта шуданд

Дар Лубнон 50 нафар дар натиҷаи бомбаборони Исроил кушта шуданд..

Дар давоми рӯзҳои гузашта дар бомбаборони Нерӯҳои исроилӣ Дар Қаламрави Лубнон ҳадди аққал 50 нафар...

Ронандаи мактаб духтари 12-солаи гирифтори аутизмро таҷовуз кард

Ронандаи мактаб духтари 12-солаи гирифтори аутизмро таҷовуз кард..

ДАР ИМА духтари 12-солаи аутизм пас аз таҷовузи падаркалонаш худкушӣ кард.Дар Коннектикут ронандаи...

Аржанг ва ё кошикориҳои Душанбе куҷо мешаванд?

Аржанг ва ё кошикориҳои Душанбе куҷо мешаванд?..

Дар пойтахти Тоҷикистон, ки сохтмони биноҳои истиқоматӣ бо суръати баланде идома дорад, ҳунармандону...

Корманди собиқи полис худро духтари наврас нишон дода, як зани бритониеиро таҷовуз кардааст

Корманди собиқи полис худро духтари наврас нишон дода, як зани..

Дар Бритоние Собиқ полиси 28-солаи пойтахт Ҷеймс Баббс барои таҷовуз ба номуси ноболиғе, ки тавассути...

“Пул гирем, андоз супорем. Ҷабр аст”. Назарҳо ба андозбандии ҳамёнҳои электронӣ

“Пул гирем, андоз супорем. Ҷабр аст”. Назарҳо ба андозбандии ҳамёнҳои..

Пас аз як тасмими Оҷонсии инноватсия ва фанновариҳои нави Тоҷикистон дар ду-се рӯзи ахир бештари...

Комментарии (0)