Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Донишҷӯ дар Тоҷикистон зиёд мешавад: Маркази миллии тестӣ сабабашро гуфт

Донишҷӯ дар Тоҷикистон зиёд мешавад: Маркази миллии тестӣ сабабашро гуфт
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон имсол дар нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 10 ҳазор ҷой зиёд ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik.Соли 2026 нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва миёнаи касбӣ 74 ҳазору 510 ҷойро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҳазору 154 ҷой ё 15,7% зиёд аст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии тестии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай барои коллеҷҳо дар заминаи синфи 9-ум низ нақша 4719 ҷой ё 26,6% афзуд.
Ба иттилои директори марказ, дар давраи якум (асосӣ), ки аз 2 март то 30 апрел идома ёфт, 116 ҳазору 568 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба қайд гирифта шуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025 28 ҳазору 802 нафар ё 32,82 дарсад зиёд буда, 107,98 дарсади нақшаи қабулро ташкил дод.
Дар заминаи синфи 9 беш аз 22,6 ҳазор довталаб номнавис шуданд, ки нисбат ба соли 2025 2908 нафар ё 14,7%зиёд буда, 100% нақшаи қабулро ташкил дод.
"Дар давраи дуюми бақайдгирӣ- аз 10 то 30 июн дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт 7755 довталаб дар заминаи синфи 11 ба қайд гирифта шуданд.
Аз ҳама бештар гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм – филология, педагогика ва санъат (1974 нафар) ва 5-ум — тиб, биология ва варзиш (1950 нафар) интихоб гардиданд.
Дар заминаи синфи 9-ум 2526 довталаб номнавис шуданд, ки 1610 нафари онҳо гурӯҳи ихтисосҳои 5-умро интихоб карданд.
Дар заминаи синфи 11-ум 124 ҳазору 323 довталаб ба қайд гирифта шуданд, ки 31 ҳазору 335 нафар бештар аз соли 2025 мебошанд.
Ин шумора 115,1% нақшаи қабулро ташкил медиҳад. Дар заминаи синфи 9-ум шумораи умумӣ 25 ҳазору 131 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 3348 нафар афзуд, ки ба 112%нақшаи қабул баробар аст.
Мард як яхмосро бо найза кушт ва сарашро дуздид

Мард як яхмосро бо найза кушт ва сарашро дуздид..

Полис ҷинояткорро бо сари кушташуда дар ошхона пайдо кард. В индийском штате Уттар-Прадеш мужчина...

Дар Ҷумҳурии Корея истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 14 сола маҳдуд карданӣ ҳастанд

Дар Ҷумҳурии Корея истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 14..

Мақомоти Ҷумҳурии Корея имкони ҷорӣ кардани маҳдудиятҳоро дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар кӯдакони...

Мард ба роҳгузар бензин рехт ва оташ зад

Мард ба роҳгузар бензин рехт ва оташ зад..

Дар Австралия мард ба раҳгузар моеъи сӯзишворӣ рехт ва оташ зад. Дар ин бора 12 май нашрияи The Mirror...

Низоми биллингиро ҳам фиреб доданд: нигаронии прокурор аз дуздии барқ дар Тоҷикистон

Низоми биллингиро ҳам фиреб доданд: нигаронии прокурор аз дуздии барқ..

Дар Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани низоми биллингӣ бовар доштанд, барқдуздиро аз байн мебаранд, аммо...

Дар Натиҷаи обхезиҳо Дар Афғонистон на камтар аз 20 нафар кушта ва беш аз 100 нафар бедарак шудаанд

Дар Натиҷаи обхезиҳо Дар Афғонистон на камтар аз 20 нафар кушта ва..

На камтар аз 20 нафар кушта, тақрибан 80 нафар захмӣ шуданд, беш аз 100 нафари дигар дар натиҷаи...

Таксиронӣ дар Тоҷикистон кори бедаромад мешавад?

Таксиронӣ дар Тоҷикистон кори бедаромад мешавад?..

Боло рафтани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон як мушкили дигари ҷиддӣ барои ронандаҳои таксие шудааст,...

Комментарии (0)