Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Як афсари ВКД-ро 12 сол зиндонӣ карданд

Як афсари ВКД-ро 12 сол зиндонӣ карданд

Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба 12 сол зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми июн ӯро ба куштани Саломатшо Ғалчаеви 34-сола аз ноҳияи Ванҷ гунаҳкор донистааст.

Мавқеи Ивазмад Қодиров ё наздикону вакили мудофеаш ба ҳукм рӯшан нест.

Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо, рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, зидди ҳукми додгоҳ шикоят намебаранд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, "ду шоҳиде, ки ҳангоми ҳодиса афсари милисаро ҳамроҳӣ мекарданд, ба мурофиа оварда нашуданд." Вай аз касе ном нагирифт.

Талоши Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳ ва маълумоти бештар аз Додгоҳи низомии Хоруғ то ин дам бенатиҷа буд.

Саломатшо Ғалчаев шаби 17-уми марти имсол дар натиҷаи як муноқиша дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ кушта шуд.

Дар ҳоле ки мақомот тафсилот намедиҳанд, як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ гуфта буд, моҷаро бар сари робитаи афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки хеши ҷавони кушташуда аст, сар задааст.

Ивазмад Қодиров фармондеҳи ротаи фаврии таъйиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ буд ва он шаб аз силоҳ истифода кардааст.

Манбаъ: сомонаи "Радиои Озоди"

Як зарба ва сайера боз ях мекунад? Фалокати кайҳонӣ метавонад такрор шавад

Як зарба ва сайера боз ях мекунад? Фалокати кайҳонӣ метавонад такрор..

Олимон як қабати ғайриоддии таҳшинҳои қадимиро меомӯзанд ва кӯшиш мекунанд, ки фаҳманд, ки бо Замин...

НАРХИ ГУЗАШТАН АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ МАЪЛУМ ШУД

НАРХИ ГУЗАШТАН АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ..

НАРХИ ГУЗАШТАН АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ МАЪЛУМ ШУД...

Намояндаи доимии ИМА Уолтс: муноқиша бо Эрон Дигар Ироқ нахоҳад буд

Намояндаи доимии ИМА Уолтс: муноқиша бо Эрон Дигар Ироқ нахоҳад буд..

Дар Айни замон, Уолтс имкони амалиети заминӣ дар Эронро аз Ҷониби Иелотҳо истисно накард.Муноқишаи ИМА...

Сарбози Вазорати мудофиа худро дар рӯди Кофарниҳон ғарқ кардааст

Сарбози Вазорати мудофиа худро дар рӯди Кофарниҳон ғарқ кардааст..

Як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон дар ноҳияи...

Раҳмон гуфт, вилояти Суғд дар гузашта қариб комилан бе барқ мемонд

Раҳмон гуфт, вилояти Суғд дар гузашта қариб комилан бе барқ мемонд..

Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди инфрасохтори энергетикии вилояти...

Шиносномаи русии 800 ҳазор тоҷик. Вазир: "Ҷои нигаронӣ нест." Коршинос: "Хатар дорад"

Шиносномаи русии 800 ҳазор тоҷик. Вазир: "Ҷои нигаронӣ..

Вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, Солеҳа Холмуҳаммадзода, шаҳрванди Русия шудани беш аз 800 ҳазор...

Комментарии (0)