Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Шаҳрвандони Африқо ва Афғонистон ба Тоҷикистон бемории малярия оварданд

Шаҳрвандони Африқо ва Афғонистон ба Тоҷикистон бемории малярия оварданд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар нимсолаи аввал дар ҷумҳурӣ шаш ҳолати бемории малярия миёни шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст
Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон сатҳи гирифторӣ ба аксари бемориҳои сироятӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саломиддин Юсуфзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай афзуд, ки вазъи эпидемиологӣ нишон медиҳад, ки дар пайи татбиқи чораҳои пешгирӣ, ташхис ва маҳдудкунӣ шумораи гирифторон ба як қатор бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сурхча, кабудсулфа, гепатити вирусии навъи "А", сил, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, илтиҳоби шуш ва як қатор дигар бемориҳо коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулини вазорати тандурустӣ аз афзоиши баъзе бемориҳо, аз ҷумла лейшманиёз ва малярия хабар дод.
Ба иттилои Саломиддин Юсуфзода, дар нимсолаи аввал 7 ҳолати бемории малярия ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 6 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.
Ин афрод аз кишварҳои қитъаи Африқо ва Афғонистон вориди ҷумҳурӣ шудаанд.
Инчунин, дар ин давра афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба баъзе намудҳои гепатити вирусӣ ва менингит низ ба мушоҳида расидааст.
Ба гуфтаи масъулони соҳа, вазъи эпидемиологии кишвар таҳти назорати доимӣ қарор дошта, барои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои зарурии санитариву эпидемиологӣ ва эмгузаронӣ мунтазам амалӣ карда мешаванд.
Эрон ва Амрико ба оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат карданд

Эрон ва Амрико ба оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат карданд..

Эрон ва Амрико бар сари оташбаси дуҳафтаӣ дар ҷанг ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз созиш карданд. Доналд...

Бафаева Саодат, сокини 60-солаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ва ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешавад.

Бафаева Саодат, сокини 60-солаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани..

Бафаева Саодат, сокини 60-солаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан...

Шумори тоҷикони осебдида дар ҳамлаи паҳподӣ ба Тотористон зиёд шуд

Шумори тоҷикони осебдида дар ҳамлаи паҳподӣ ба Тотористон зиёд шуд..

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, тибқи маълумоти ҷадид дар ҳамлаи паҳподии Украина ба Тотористон...

Дар таркиши корхонаи коркарди газ дар Қатар 13 нафар кушта шуданд

Дар таркиши корхонаи коркарди газ дар Қатар 13 нафар кушта шуданд..

Ҳадди аққал 13 нафар кушта шуданд, 66 нафари дигар дар натиҷаи таркиш дар корхонаи коркарди газ дар...

Эрон ВА ИМА дар пасманзари маросими видоъ Бо Алӣ Хоманаӣ табодули зарбаҳо карданд

Эрон ВА ИМА дар пасманзари маросими видоъ Бо Алӣ Хоманаӣ табодули..

Пештар Доналд Трамп изҳор дошт, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар вақти дафн як ҳафта дар...

Дар суқути ду ҲАВОПАЙМОИ Бидуни САРНИШИН дар Наздикии фурудгоҳи Дубай чаҳор нафар маҷрӯҳ шуданд

Дар суқути ду ҲАВОПАЙМОИ Бидуни САРНИШИН дар Наздикии фурудгоҳи Дубай..

Чор нафар дар натиҷаи суқути ду ҳавопаймои бесарнишин дар фурудгоҳи Байналмилалии Дубай захмӣ шуданд....

Комментарии (0)