Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Шумори тоҷикони осебдида дар ҳамлаи паҳподӣ ба Тотористон зиёд шуд

Шумори тоҷикони осебдида дар ҳамлаи паҳподӣ ба Тотористон зиёд шуд
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, тибқи маълумоти ҷадид дар ҳамлаи паҳподии Украина ба Тотористон се муҳоҷири тоҷик захмӣ шуданд ва як нафар ҷон бохтааст
ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik.Дар пайи ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамски Тотористони Русия тибқи иттилои тасдиқшуда, се шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуда, як нафари дигар ҷон бохтааст.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ду нафаре, ки ҷароҳат бардоштанд аллакай аз беморхона ҷавоб шуданд.
Ин ниҳод таъкид кард, ки як нафари дигар, ки дар бахши муроқибатҳзои вижа ё реаниматсия қарор дошт ба хобгоҳи беморон (палата) гузаронида шуд ва ҳоло саломатии ӯ беҳтар аст ва дар рӯзҳои наздик ба хона низ ҷавоб мешавад.
ВУХ қаблан, хабар дода буд, ки дар ин ҳодиса як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст.
Аз вазорат гуфтанд, ки Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо сохторҳои марбути Тоҷикистону Русия дар тамоси доимӣ қарор дорад. 
“Ба Консулгарии генералӣ ва намояндагони дигар ниҳодҳои Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки вазъи захмиҳо ва дар маҷмуъ, вазъи мавҷударо зери назорат қарор диҳанд”, – гуфтанд аз Вазорати корҳои хориҷӣ.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки тоҷикистониҳои захмишуда дар беморхонаи Нижнекамск қарор доштанд.Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҷасади шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон, ки дар ин ҳамла ҷон бохт, барои интиқол ба Ватан омода мешавад.
Вазорат қайд кард, ки ҷасадаи шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон, то рӯзи 13 август ба Тоҷикистон баргардонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамлаи паҳподие, ки субҳи 10-уми август ба шаҳри Нижнекамск сурат гирифт, дар умум 13 кас ҷон бохта, наздики 80 тан маҷруҳ шудааст.
Миёни кушташудагон 8 шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Мақомоти Тотористон рӯзи мотам эълон кард.
Раҳбари Тотористон Рустам Минниханов ба руасоиҷумҳури Тоҷикистону Ӯзбекистон барқияҳои таслият ирсол кард.
Мақомоти Тотористон эълон карданд, ки ба оилаҳои фавтидагон 2 миллион рубл ва ба маҷрӯҳон вобаста вазъашон аз 300 то 600 ҳазор рубл кӯмакпулӣ ҷудо мешавад.
Қаблан, мақомоти Русия гуфта буданд, ки ин ҳамла аз сӯйи Украина анҷом шуда, дар он зерсохтҳои саноатӣ ва маҳалҳои иқоматии Нижнекамск ҳадаф қарор гирифтаанд.
Мақомоти Русия дар робита ба ин ҳамла бо иттиҳоми даҳшатафканӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ронандаи мактаб духтари 12-солаи гирифтори аутизмро таҷовуз кард

Ронандаи мактаб духтари 12-солаи гирифтори аутизмро таҷовуз кард..

ДАР ИМА духтари 12-солаи аутизм пас аз таҷовузи падаркалонаш худкушӣ кард.Дар Коннектикут ронандаи...

Мусобиқаи аспдавонӣ

Мусобиқаи аспдавонӣ..

...

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Меликова Тахмина ва Буриева Шаҳноза сокинони шаҳри Душанберо бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир намуданд.

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе..

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Меликова Тахмина ва Буриева Шаҳноза...

Дар асоси муроҷиат ва аксу наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони бозрасӣ, якчанд далели дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуданд.

Дар асоси муроҷиат ва аксу наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон, аз..

Дар асоси муроҷиат ва аксу наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони бозрасӣ, якчанд далели...

Чор нафар пас аз марги як духтари семоҳа дар кемпинг боздошт шуданд

Чор нафар пас аз марги як духтари семоҳа дар кемпинг боздошт шуданд..

Дар ҷои марги кӯдак боқимондаҳои хаймаи сӯхта, партовҳо ва ашеи кӯдакон ефт шуданд....

Маск: МАБЛАҒГУЗОРИИ USAID дар эҷоди COVID-19 нақши калидӣ бозидааст

Маск: МАБЛАҒГУЗОРИИ USAID дар эҷоди COVID-19 нақши калидӣ бозидааст..

Соҳибкор ба ин вазифа вокуниш нишон дод, ки ДАР ОН БА ИНСТИТУТИ вирусологияи Ухан 53 миллион доллар...

Комментарии (0)