Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Бозори асосии Ҳисор сӯхт, зарари тоҷиронро кӣ ҷуброн мекунад?

Бозори асосии Ҳисор сӯхт, зарари тоҷиронро кӣ ҷуброн мекунад?

Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Ҳисор оғоз кардаанд. Яке аз эҳтимолҳои асосӣ расиши сим ё ноқили барқ гуфта мешавад. Дар ин ҳодиса амволи даҳҳо соҳибкор ба коми оташ рафт ва маълум нест, зарари онҳоро кӣ ҷуброн мекунад.

«Ба арзиши 100 ҳазор сомонӣ мол доштам»

Субҳи барвақти 6-уми апрел бозори «Самоҳ» дар шаҳри Ҳисор оташ гирифт. Сабаби сар задани сӯхтор ва зарари расида ҳанӯз мушаххас нест. Мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Салим Қурбонов чор моҳ пеш мағозаеро дар бозори «Самоҳ» ба иҷора гирифта, либосҳои кӯдакона мефурӯхт. Мегӯяд, ба миқдори зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ амвол дошт ва тақрибан ҳамаашон нобуд шудаанд.

Ин тоҷир дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи ҳодисаро чунин ба ёд овард: «Соати 4-и саҳар омада, нисфи борамро берун баровардам, ҳамон ҳам сӯхта буд. Вақте расидам, оташнишонҳо кор мекарданд.»

Мақомот то ҳол сӯхторро дар бозори «Самоҳ» расман шарҳ надодаанд. Дар миёни фурӯшандаҳо ин фарзия матраҳ аст, ки расиши сим ё ноқил дар растаҳои хӯрокворӣ сабаби сӯхтор гаштааст. Ҳамсуҳбати мо Салим Қурбонов мегӯяд, дар дӯконҳои фурӯши либос иҷозаи гузарондани хати барқ надоданд. Ин тоҷир ҳоло аз миёни борҳои мағозааш бо умед либоси насӯхтаро меҷӯяд. Шояд ин либосҳо зарари ӯро камтар кунанд.

«Ман дар инҷо либоси зимистона, тобистона ва баҳорона доштам. Дар инҷо аз 100 ҳазор сомонӣ зиёд мол буд. Акнун чӣ мешавад, номаълум, ” –афзуд ин соҳибкор.

Масъулони бозори «Самоҳ», ки номаш қаблан дар як гузориши таҳқиқотии OCCRP ҳамчун ҳамкори ширкатҳои наздик ба мансабдорони баландпояи Тоҷикистон муаррифӣ шуда буд, аз суҳбат дар назди дурбин худдорӣ карданд. Онҳо нагуфтанд, ки дар ин сӯхтор чанд соҳибкор зарар дид.

«Пули инҳоро аз куҷо ёфта медиҳам?»

Танҳо як намояндаи бозор дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, бо соҳибкорон мулоқот карда, роҳҳои дубора сохтани бозорро машварат мекунанд.

Аксар соҳибкорони зарардида мегӯянд, аз бонк қарз гирифтаанд ва ҳамзамон молашон бима (суғурта) нашудааст. Ба гуфтаи соҳибкорон, дар ҳар яке аз ин дӯконҳо аз 100 то 400 ҳазор сомонӣ молу амвол буд.

«Нисфи маблағи ин борҳоро аз бонк қарз гирифта будам, мондагиашро аз „Корвон“ қарз карда будам. Пули инҳоро аз куҷо ёфта медиҳам?» — суол гузошт як зани тоҷир дар бозори «Самоҳ».

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби ин ҳодисаҳо шудааст. Тоҷирони осебдида борҳо шикоят карданд, ки ҳеч ниҳоде зарари расидаро ҷуброн накард ва тиҷораташон муфлис шуд.

Духтур панҷ бемориро номбар кард, ки пиршавии баданро нишон медиҳанд

Духтур панҷ бемориро номбар кард, ки пиршавии баданро нишон медиҳанд..

Аввалин нишонаҳои пиршавии биологӣ аз 25-30 солагӣ пайдо мешаванд. Мутахассиси асосии ғайриштатӣ...

Машғул шудан ба фолбинӣ ва истифода аз хизматрасонии соҳирон ҳанӯз ҳам яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад. Бар замми таъкидҳои доимӣ, мутаассифона, ин омили номатлуб аз байн нарафтааст.

Машғул шудан ба фолбинӣ ва истифода аз хизматрасонии соҳирон ҳанӯз..

Машғул шудан ба фолбинӣ ва истифода аз хизматрасонии соҳирон ҳанӯз ҳам яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба...

Дар Ҳиндустон аллакай 78 нафар қурбони обхезӣ шуданд

Дар Ҳиндустон аллакай 78 нафар қурбони обхезӣ шуданд..

Тибқи ИТТИЛОИ ШАБАКАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ NDTV, Шумораи Қурбониени обхезӣ дар Иелати Ассами ҳиндустон ба 78...

Ҳунарпешаи сериали "Склифосовский" дар минтақаи СВО кушта шуд

Ҳунарпешаи сериали "Склифосовский" дар минтақаи СВО кушта..

Ҳунарпешаи театр Ва кино Евгений Дербышев дар синни 58-солагӣ дар минтақаи амалиети махсуси ҳарбӣ кушта...

Дар Филиппин 19 нафар қурбони тӯфонҳои тропикӣ ва боронҳои муссонӣ шуданд

Дар Филиппин 19 нафар қурбони тӯфонҳои тропикӣ ва боронҳои муссонӣ..

Дар Филиппин ҳадди аққал 19 нафар дар натиҷаи боронҳои шадид, ки аз тӯфонҳои тропикии "Луис",...

Комментарии (0)