Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Шиносномаи русии 800 ҳазор тоҷик. Вазир: "Ҷои нигаронӣ нест." Коршинос: "Хатар дорад"

Шиносномаи русии 800 ҳазор тоҷик. Вазир: "Ҷои нигаронӣ нест." Коршинос: "Хатар дорад"

Вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, Солеҳа Холмуҳаммадзода, шаҳрванди Русия шудани беш аз 800 ҳазор тоҷикистониро дар даҳ соли охир мояи нигаронӣ намедонад. Баъзе аз ҷомеашиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, гуфтанд, ин вазъ дар оянда ба як аҳруми фишори Русия табдил хоҳад ёфт.

Солеҳа Холмуҳаммадзода 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, онҳое, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, дар ҳар сурат "тоҷик мемонанд".

"Ин хоҳиши ҳар шаҳрванд аст. Диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои ободии кишвар, сохтмони бунгоҳи тиббиву мактабу биноҳои истиқоматӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Фикр мекунем, ҳар нафаре, ки новобаста шаҳрвандии дигар давлатро гирифтааст, ҳамеша тоҷик будани худро аз даст намедиҳад," – афзуд ӯ.

Танҳо дар ду соли охир 120 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Ин оморро сафири Русия дар Тоҷикистон Семен Григорев моҳи майи имсол дар суҳбат бо хабаргузории давлатии "ТАСС" гуфтааст. Бо ин нишондод, шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2025 дар рӯйхати хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд, ҷойи аввалро гирифтаанд.

Бино бар омори Русия, дар даҳ соли охир беш аз 800 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ки ин тақрибан ба нӯҳ дарсади аҳолии Тоҷикистон баробар аст. Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина садҳо нафари онҳо ба ҷабҳа фиристода ва куштаву захмӣ шуданд.

Ҷомеашинос Шуҳрат Латифӣ бар ин аст, ки шаҳрванди Русия шудани чунин шуморе аз тоҷикистониҳо на танҳо имтиёз, балки хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла фишори Русияро метавонад дар пай дошта бошад.

"Пештар мо мегуфтем, ки Русия барои фишор танҳо муҳоҷиронро истифода мебарад, ҳоло имконият бештар мешавад, истифодабарии он шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд. Ин ҳам як аҳруми фишор нисбат ба давлати Тоҷикистон аст," - таъкид кард ҷомеашинос.

Аммо профеесор Музаффар Олимов зиёд шудани тоҷикистониҳои шаҳрванди Русияро дар дарозмуддат хатаре ба худи Тоҷикистон намедонад.

Ба назари ин таҳлилгар, "баръакс, як чизи дигар. Бо Русия будан, аз имкониятҳои Русия истифода бурдан барои Тоҷикистон фоида меораду зарараш кам аст."

То соли 2021 тоҷикистониҳо дар дарёфти шаҳрвандӣ дар Русия пас аз украиниҳо дар ҷойи дувум қарор доштанд. Бо оғози ҷанги Русия дар Украина ва ҳамла ба толори "Крокус"-и канори Маскав, ки Русия чанд зодаи Тоҷикистонро омили он донист, ин шумора коҳиш ёфта буд.

Миёни Тоҷикистону Русия аз соли 1995 созишномаи байнидавлатие баста шудааст, ки доштани душаҳрвандиро имкон медиҳад.

Русия соли 2008 бо баҳонаи ҳифзи шаҳрвандони сершумори худ дар Гурҷистон ба ин кишвар ҳуҷум кард ва ду минтақаи онро ба қаламравҳои мустақил, аммо вобастаи худ табдил дод.

Ахиран порлумони Русия тарҳи нави ҳимоят аз шаҳрвандони ин кишварро баррасӣ мекунад, ки дахолати низомиро дар ин самт дар ҷойи аввал мегузорад.

Аз кишварҳои пасошӯравӣ танҳо Тоҷикистон, Туркманистон ва Арманистон бо Русия дар оғози солҳои 1990 созишномаи душаҳрвандӣ имзо карданд. Туркманистон дар соли 2015 ин қарордодро бекор кард. Арманистон мақоми онро аз душаҳрвандӣ ба шаҳрвандии дувум поин овард. Созишномаи Тоҷикистон бетағйир монд.

 манбаъ: сомонаи "Радиои Озоди"

Тӯфони шадиди магнитӣ Субҳи 19 март Заминро фаро мегирад

Тӯфони шадиди магнитӣ Субҳи 19 март Заминро фаро мегирад..

Интизор меравад, ки плазмаи офтобӣ аз соати 04:00 то 06:00 субҳ бароварда шавад. Олимон дар Замин...

Мадина Қурбонзода барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба ҷудо

Мадина Қурбонзода барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба ҷудо..

Мадина Қурбонзода барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба ҷудо...

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар н. Фирдавсӣ шаҳрвандон Саидов Илҳомиддин, соли таваллудаш 1980 ва Гуланов Фирӯз, сокини 26-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ, аз ҷониби..

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар н. Фирдавсӣ...

В.В.Путин муҳлати ташхиси муҳоҷирон кам намуд.

В.В.Путин муҳлати ташхиси муҳоҷирон кам намуд...

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки бар асоси он муҳлати ташхиси ҳатмии...

Ангур метавонад пӯстро аз офтоб муҳофизат кунад ва сатҳи стрессро паст кунад

Ангур метавонад пӯстро аз офтоб муҳофизат кунад ва сатҳи стрессро..

Дар ҷараени озмоиш ихтиериен ҳар рӯз ду ҳафта се порча ангури тару тоза мехӯрданд. Ворид кардани ангур...

Қазоқистон ҷалби худро ба ҷанги эрон истисно намекунад ва НЕРӮҲОИ баҳрии худро омода мекунад

Қазоқистон ҷалби худро ба ҷанги эрон истисно намекунад ва НЕРӮҲОИ..

Қазоқистон ҷалби худро ба ҷанги эрон истисно намекунад ва НЕРӮҲОИ баҳрии худро омода мекунад Қазоқистон...

Комментарии (0)