Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Парлумон созишнома бо Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро тасвиб кард

Парлумон созишнома бо Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро тасвиб кард
Тағйиротҳои ҷадид имкон медиҳанд, муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз вуруд ба Русия, дар қаламрави Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва аксбардориву изи ангушт супоранд
Парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба созишнома бо Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатиро тасдиқ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти палатаи поёнии кишвар хабар додааст.
"Парлумон дар ҷаласаи ахир қарор кард, ки протокол дар бораи тағйиру иловаҳоро ба созишномаи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кори муваққатӣ дар Русия тасвиб кард", - қайд кардааст ин манбаъ.
Тағйиротҳои ҷадид имкон медиҳанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз вуруд ба Русия, мустақиман дар қаламрави Тоҷикистон муоинаи тиббӣ, гирифтани изи ангушт ва аксбардорӣ карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия дар бораи ворид намудани тағйирот ба созишномаи байни Русия ва Тоҷикистонро вобаста ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кори муваққатӣ дар Русия эълон кард.
Дар ин бора комиссияи ҳукуматӣ ба хабаргузории "РИА Новости" хабар додааст.
Дар лоиҳаи қонун тасдиқи протоколи тағйирот ба созишномаи мувофиқ байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи Владимир Груздев, раиси раёсати Ассотсиатсияи вакилони дифоъи Русия, тағйироте, ки пешбинӣ шудааст, ба омода кардани муҳоҷирон барои барномаҳои таҳсилоти миёна ва касбии Русия мусоидат хоҳад кард.
Ғайр аз ин, омӯзиш барои номзадҳо ташкил карда мешавад ва барои муҳоҷирон дар супоридани имтиҳонҳои забонӣ ва таърихи Русия кӯмак расонида мешавад.
Аз ин ва баъд шаҳрвандони тоҷике, ки мехоҳанд дар Русия кор кунанд, дар Тоҷикистон изи ангушт ва аксбардорӣ гирифта мешаванд ва баъд аз маълумоти гирифташуда метавонанд ба Русия сафар кунанд.
"Бар асоси созишномаи алоҳидаи байналмилалӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари худ, вале дар муассисаҳои тиббии Русия аз муоинаи тиббӣ, аз ҷумла санҷиши ВИЧ мегузаранд", - шарҳ дод Груздев.
Дар навбати худ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мувофиқи тағйироти пешниҳодшуда, номзадҳоро дар рӯйхати ҷустуҷӯшавандагон ва маҳкумшудагон, ки дар Русия эътироф шудаанд, тафтиш мекунад.
АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД..

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД...

КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ РУЙИОБӢ ВА ЗЕРИОБӢ

КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ..

КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ РУЙИОБӢ ВА ЗЕРИОБӢ...

Аз ҷониби кормандони Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии милитсияи пойтахт ду далели дағалона вайрон намудани қоидаҳои экологию санитарӣ ба қайд гирифта шуд.

Аз ҷониби кормандони Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии милитсияи пойтахт ду..

Шаҳрвандон Сафаров Шералӣ — ронандаи нақлиёти тамғаи «Шакман», рақами давлатиаш 808HA01 ва Юсупов Комил...

Ҳукумати Мали марги вазири мудофиаро тасдиқ кард

Ҳукумати Мали марги вазири мудофиаро тасдиқ кард..

Вазири мудофиа Ва корҳои собиқадорони Мали Садио Камара кушта шуд. Инро намояндаи расмии ҳукумати...

Эрон таҳдид мекунад, ки иншооти нафту гази кишварҳоро, ки ба Иелотҳо барои ҳамла ба ҷазираи Харк пойгоҳ медиҳанд, нобуд мекунад

Эрон таҳдид мекунад, ки иншооти нафту гази кишварҳоро, ки ба Иелотҳо..

В случае атаки на остров Харк все нефтяные и газовые объекты страны, с чьей территории будет нападение,...

Комментарии (0)