DataLife Engine / Парлумон созишнома бо Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро тасвиб кард

Парлумон созишнома бо Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро тасвиб кард

Тағйиротҳои ҷадид имкон медиҳанд, муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз вуруд ба Русия, дар қаламрави Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва аксбардориву изи ангушт супоранд
Парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба созишнома бо Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатиро тасдиқ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти палатаи поёнии кишвар хабар додааст.
"Парлумон дар ҷаласаи ахир қарор кард, ки протокол дар бораи тағйиру иловаҳоро ба созишномаи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кори муваққатӣ дар Русия тасвиб кард", - қайд кардааст ин манбаъ.
Тағйиротҳои ҷадид имкон медиҳанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз вуруд ба Русия, мустақиман дар қаламрави Тоҷикистон муоинаи тиббӣ, гирифтани изи ангушт ва аксбардорӣ карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия дар бораи ворид намудани тағйирот ба созишномаи байни Русия ва Тоҷикистонро вобаста ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кори муваққатӣ дар Русия эълон кард.
Дар ин бора комиссияи ҳукуматӣ ба хабаргузории "РИА Новости" хабар додааст.
Дар лоиҳаи қонун тасдиқи протоколи тағйирот ба созишномаи мувофиқ байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи Владимир Груздев, раиси раёсати Ассотсиатсияи вакилони дифоъи Русия, тағйироте, ки пешбинӣ шудааст, ба омода кардани муҳоҷирон барои барномаҳои таҳсилоти миёна ва касбии Русия мусоидат хоҳад кард.
Ғайр аз ин, омӯзиш барои номзадҳо ташкил карда мешавад ва барои муҳоҷирон дар супоридани имтиҳонҳои забонӣ ва таърихи Русия кӯмак расонида мешавад.
Аз ин ва баъд шаҳрвандони тоҷике, ки мехоҳанд дар Русия кор кунанд, дар Тоҷикистон изи ангушт ва аксбардорӣ гирифта мешаванд ва баъд аз маълумоти гирифташуда метавонанд ба Русия сафар кунанд.
"Бар асоси созишномаи алоҳидаи байналмилалӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари худ, вале дар муассисаҳои тиббии Русия аз муоинаи тиббӣ, аз ҷумла санҷиши ВИЧ мегузаранд", - шарҳ дод Груздев.
Дар навбати худ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мувофиқи тағйироти пешниҳодшуда, номзадҳоро дар рӯйхати ҷустуҷӯшавандагон ва маҳкумшудагон, ки дар Русия эътироф шудаанд, тафтиш мекунад.
10-04-2026, 10:33
Вернуться назад