Дар Ҳиндустон як чархбол бо шаш нафар нопадид шуд.
Чархболе, ки панҷ мусофир ва як халабон дошт, ҳангоми сафар дар шимоли Ҳиндустон нопадид шуд. Мақомот амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро оғоз карданд, хабар медиҳад The Independent.
Ба гуфтаи рӯзнома, ҳавопаймои Trans Bharat Aviation аз Бадринат ба сӯи Деҳрадун, пойтахти Уттаракханд, ҳаракат мекард. Тамос бо чархбол дар наздикии шаҳри Ҷошимат қатъ шудааст.
Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома дорад, аммо борони шадид ва намоии бад ба корҳои наҷот халал мерасонад.


















