Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Толибон гуфтанд, Ҷумъахони Фотеҳ муҳокима мешавад

Толибон гуфтанд, Ҷумъахони Фотеҳ муҳокима мешавад

Мақомоти ҳукумати Толибон гуфтаанд, ки Ҷумъахон Фотеҳ, аз фармондеҳони норозии ин гурӯҳ, ки ахиран дар ноҳияи Нусайи Дарвози вилояти Бадахшон боздошт шуд, муҳокима хоҳад шуд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар суҳбат ба "Afghanistan International" дар ин бора гуфтааст, ки "ҷузъиёти бештар акнун дар даст нест, чун бояд парванда ва иттиҳомот тартиб шавад ва сипас ба ниҳодҳои додгоҳӣ пешниҳод шавад".

Рӯзи 11 август миёни нерӯҳои ҳукумати Толибон ва афроди вобаста ба Ҷумъахони Фотеҳ, раиси пешини ноҳияи Нусай, даргирӣ сурат гирифт.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ин даргириҳо аз ҳар ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Як чархболи ҳукумати Толибон ҳам дар ин даргириҳо сарнагун шуд.

Ҷумъахон Фотеҳ пас аз ҳудуди як ҳафта даргириҳо, рӯзи 17 август ба нерӯҳои ҳукумати Толибон таслим шуд ва ба шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон интиқол ёфт. Гуфта мешавад, ки ӯ сипас аз Кобул интиқол ёфтааст.

Пас аз таслим шудани ин фармондеҳи норозӣ, Толибон аз сокинони Нусай хостаанд, ки шикоятҳо ва аризаҳои худро дар бораи амалкардҳои Ҷумъахони Фотеҳ пешниҳод кунанд.

Ҳайати фиристодашудаи Толибон ба ноҳияи Нусай, ин фармондеҳи худро ба ғасби замин ва дигар дороиҳои мардум ва ҳамчунин "зулм" ба сокинон, муттаҳам кардаанд.

Тибқи иттилои расонаҳои наздик ба Толибон, дар рӯзҳои ахир аз афроди наздик ба Ҷумъахони Фотеҳ садҳо силоҳи сабук ва вазнин ҷамъоварӣ шудааст.

Ноҳияи Нусай дар рӯбарӯи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст. Дар даргириҳои ахир дар Нусайи Афғонистон, як сокини Тоҷикистон аз тири ҷонибҳои даргир ба ҳалокат расид.

Google Нисфи НЕРӮИ БАРҚРО ДАР Финляндия мегирад НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ҲАСТАӢ: ое барои ҳама нерӯи барқ кофӣ аст?

Google Нисфи НЕРӮИ БАРҚРО ДАР Финляндия мегирад НЕРӮГОҲИ БАРҚИ..

Google ба Финляндия 13 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад. Ширкат ният дорад, ки марказҳои маълумотро...

Ганҷалов Ҳоҷибек, соли таваллудаш 1996, ки ҳамчун блогер фаъолият менамояд, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои паҳн намудани наворҳои дорои алфози қабеҳ дастгир карда шуд.

Ганҷалов Ҳоҷибек, соли таваллудаш 1996, ки ҳамчун блогер фаъолият..

Ганҷалов Ҳоҷибек, соли таваллудаш 1996, ки ҳамчун блогер фаъолият менамояд, аз ҷониби кормандони Шуъбаи...

Як гурӯҳ хонандагони МТМУ №56 бо мақсади таҷлили ҷашни Наврӯз шумораи зиёди воситаҳои нақлиётро киро намуда, дар кӯчаҳои пойтахт қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

Як гурӯҳ хонандагони МТМУ №56 бо мақсади таҷлили ҷашни Наврӯз шумораи..

Caption Як гурӯҳ хонандагони МТМУ №56 бо мақсади таҷлили ҷашни Наврӯз шумораи зиёди воситаҳои нақлиётро...

Google дастрасии ройгонро ба моделҳои пешрафтаи Gemini-и худ қатъ кард.

Google дастрасии ройгонро ба моделҳои пешрафтаи Gemini-и худ қатъ..

Аз 9 октябр, Google барои корбарони ройгон дастрасӣ ба якчанд модели Gemini-ро ғайрифаъол кардааст....

САҲА: Исроил аз зарба ба ибодатхонаи Теҳрон пушаймон аст

САҲА: Исроил аз зарба ба ибодатхонаи Теҳрон пушаймон аст..

Зарба ба синагога хато буд, ЦАХАЛ ният дошт, ки ба объекти дигар ҳамла кунад. Артиши Мудофиаи Исроил аз...

Мадина Қурбонзода барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба ҷудо

Мадина Қурбонзода барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба ҷудо..

Мадина Қурбонзода барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба ҷудо...

Комментарии (0)