Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Э.Раҳмон хоҳони бозбинии низоми назорат дар маҳбасҳо шуд

Э.Раҳмон хоҳони бозбинии низоми назорат дар маҳбасҳо шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз қонуншикании баъзе кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазо, ниҳоди нозир бар зиндонҳо, изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ин корҳо боиси поймол шудани ҳуқуқи маҳбусон мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон 14-уми июл дар ифтитоҳи бинои нави Вазорати адлия дар Душанбе гуфт, "ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ, содир намудани ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо аз ҷониби кормандони сарраёсат", ки боиси нақзи ҳуқуқи боздоштшудагон ва зиндониён мегардад, "ҳоло ҳам ҷой доранд". Аммо ӯ ҳеч омор пешниҳод накард ва ягон намуна ҳам наовард.

Президенти Тоҷикистон хоҳони бозбинии пурраи низоми назорати дохилии маҳбасҳо шуд.

Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва наздикони зиндониён борҳо аз шароити нохуб ва ҷой доштани ҳолатҳои шиканҷа дар зиндонҳо нигаронӣ кардаанд.

Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони зиндонии раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, моҳи июн ва июли имсол аз шиканҷа шудан ва фишори равонӣ ба онҳо нигаронӣ карданд. Мақомот ба ин гузориш вокунише нишон надоданд.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси қонуни афв дар ҳафтаҳои охир ҳазорҳо зиндониро озод кардаанд. Қонуни нави афв 16-уми июни имсол имзо ва нисбат ба 18 ҳазор нафар, аз ҷумла зиндониён татбиқ хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми июл аз мақомот хостааст, дар вақти иҷрои қонуни афв “ба омилҳои коррупсионӣ роҳ надиҳанд”. Соли 2019 ва баъди қабули қонуни афв, ки 20 ҳазор нафарро фаро гирифта буд, иддае аз вуҷуди мавридҳои фасод шикоят доштанд.

манбаъ: сомонаи "Радиои Озоди"

Дар Миср маҷаллаи «Тоҷикистон ва пиряхҳо» ба забони арабӣ ва англисӣ ба нашр расид

Дар Миср маҷаллаи «Тоҷикистон ва пиряхҳо» ба забони арабӣ ва англисӣ..

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳамкорӣ бо Маркази мисрии пажӯҳишҳои стратегӣ...

Раиси ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ Эрон Аракчи ба Петербург омад

Раиси ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ Эрон Аракчи ба Петербург омад..

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Аракчӣ бо сафар ба Санкт-Петербург барои мулоқот бо президенти Русия...

Коршинос: Роҳбари Амнияти Миллӣ Трампро бо эътирофи Худ Дар Конгресси Эрон ғарқ мекунад

Коршинос: Роҳбари Амнияти Миллӣ Трампро бо эътирофи Худ Дар Конгресси..

Директори иктишофии Миллии ИМА (аз ҷониби ҷомеаи иктишофии амрико назорат карда мешавад) Тулси Габбард...

Google Нисфи НЕРӮИ БАРҚРО ДАР Финляндия мегирад НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ҲАСТАӢ: ое барои ҳама нерӯи барқ кофӣ аст?

Google Нисфи НЕРӮИ БАРҚРО ДАР Финляндия мегирад НЕРӮГОҲИ БАРҚИ..

Google ба Финляндия 13 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад. Ширкат ният дорад, ки марказҳои маълумотро...

Агенти СБУ Ба Киев дар омодасозии ҳамлаи террористӣ алайҳи сафири Бритоние дар Маскав кӯмак кард

Агенти СБУ Ба Киев дар омодасозии ҳамлаи террористӣ алайҳи сафири..

Режими Киев нақша дошт, ки аз саботаж истифода барад, то бритониёиҳоро ба низои мусаллаҳона бо Русия...

Идомаи таъмири роҳҳо ва гузаронидани хатти партовоб дар Хуҷанд

Идомаи таъмири роҳҳо ва гузаронидани хатти партовоб дар Хуҷанд..

Шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз идомаи таъмири роҳҳои дохили шаҳрӣ хабар дод...

Комментарии (0)