Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Боздошти як зан бо гумони рабудани навзоде, ки аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гум шуда буд

Боздошти як зан бо гумони рабудани навзоде, ки аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гум шуда буд
Боздошти як зан бо гумони рабудани навзоде, ки аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гум шуда буд
Пулиси шаҳри Душанбе расман қазияи дуздии кӯдаки навзод аз зоишгоҳи №1-и пойтахтро шарҳ дод. Ин ниҳод дар гузорише, ки рӯзи 21-уми октябр нашр шуд, гуфт, бо гумони рабудани ин тифл Зарина Саймуддиноваи 26-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боздошт шудааст.
Саймуддинова дар гузориши мақомот мегӯяд, 6 сол боз оиладор аст, вале соҳиби фарзанд нашудааст. Ба гуфтаи худи ӯ, аз ин сабаб ӯ дар хаёли аз ҷое пайдо кардани тифле будааст.
Боздоштшуда дар идома мегӯяд, ӯ бо пӯшидани либоси тамизкории хушдоманаш, ки табиб будааст, ба зоишгоҳи №1-и пойтахт ворид шуда, аз яке аз ҳуҷраҳои он кӯдаки навзодро аз назди модараш мерабояд. Ба нақли худи ӯ, субҳи рӯзи дигар Саймуддинова навзодро бо такси ба хонаи худаш дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебарад.
Маълум нест, ки ин иқрори дастгиршуда таҳти чӣ шароите сабт шудааст. Назари ӯ дар робита ба ин ҳодиса ба расонаҳо дастрас нест.
Пулиси Душанбе гуфт, ки нибстаи Саймуддинова бо гумони одамрабоӣ (моддаи 130 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 5 то 20 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Тифле, ки ин зан дар рабуданаш гумонбар аст, рӯзи 11-уми октябр дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, ки ба номи таваллудхонаи №1 маъруф аст, ба дунё омад ва соати яки шаби ҳамон рӯз рабуда шуд. Дар ин бора ввалин шуда “Азия-Плюс” хабар дод.
Мақомот 4 рӯз пас аз гум шудани кӯдак эълон карданд, ки ӯро пайдо ва “зиндаву саломат" ба модараш супурдаанд.
Дастури Раҳмон барои суръат бахшидани рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ

Дастури Раҳмон барои суръат бахшидани рақамикунонии пурраи..

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мақомдорон барои суръат бахшидани Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои...

Парлумон созишнома бо Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро тасвиб кард

Парлумон созишнома бо Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи..

Тағйиротҳои ҷадид имкон медиҳанд, муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз вуруд ба Русия, дар қаламрави Тоҷикистон аз...

Дар ҳолати сархушӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадор ва дигар маводҳои мадҳушкунанда, идора намудани воситаи нақлиёт метавонад сабабгори рух додани садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ гардад.

Дар ҳолати сархушӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадор ва..

Дар ҳолати сархушӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадор ва дигар маводҳои мадҳушкунанда, идора...

Ҳалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар садамае дар Дарвоз

Ҳалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар садамае дар Дарвоз..

Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар садама ё тасодуфи нақлиётӣ дар ҳудуди...

Мураббии Португалия фаҳмонд, ки Чаро Роналду бе иваз бозӣ мекунад

Мураббии Португалия фаҳмонд, ки Чаро Роналду бе иваз бозӣ мекунад..

Сармураббии Мунтахаби Португалия Роберто Мартинес ба саволи он ҷавоб дод, ки Чаро Криштиану Роналдуи...

Навори муноқишаи ду нафар ҷавон, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ ба миён омадааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон шудааст.

Навори муноқишаи ду нафар ҷавон, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ ба..

Навори муноқишаи ду нафар ҷавон, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ ба миён омадааст, дар шабакаҳои...

Комментарии (0)