Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Ҳалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар садамае дар Дарвоз

Ҳалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар садамае дар Дарвоз

Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар садама ё тасодуфи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҷон бохтааст. Дар ин бора вебсайти раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми июн хабар дод. Эмомалӣ Раҳмон дар паёме марги Алишер Мирзонаботро фоҷиавӣ хонда, ба пайвандони ӯ ибрози ҳамдардӣ кардааст.

Мошине, ки Алишери Мирзонабот, ҳамсару як фарзандаш ва ёвари ӯро аз Душанбе ба Хоруғ мебурд, рӯзи 17-уми июн дар ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтодааст. Маълум нест, оё ҷасади онҳо ёфт шудааст ё не. Сомонаи президент дар ин бора ҳеч ишора накардааст.

Вазорати корҳои дохилӣ сабаби садамаро “суръати баланд” ва “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани” ронанда Сино Муборакшоев номид. “Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад,” -- омадааст дар хабари ВКД.

Манбаъ мегӯяд, аз ҷойи ҳодиса рақами давлатии “287 TJ” ва қисмҳои алоҳидаи мошин ёфт шуд. Дар чанд навори корбарон, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, ин рақам дида мешавад.

Вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.

Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси Миллӣ, рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон дар Душанбе ширкат дошт.

Ӯ 46 сол дошт ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Пеш аз он дар мақоми раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ҳамдардияш Алишер Мирзонаботро аз ҷумлаи кадрҳое хондааст, ки “вазифаҳои хидматии худро ҳамеша содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард”. Аммо баъзе аз сокинон дар вилояти Бадахшон ӯро дар саркӯби даҳҳо фаъол ё норозӣ муттаҳам медонанд.

Дар давраи роҳбарии Алишер Мирзонабот соли 2022 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоҳиди саркӯби эътирози сокинон шуд.

Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ҳангоми саркӯби норозиён дар Хоруғу Рӯшон дар моҳи майи соли 2022 ҳудуди чиҳил нафар кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан ҳодисаҳои Бадахшонро "амалиёти зиддитеррористӣ" номиданд, вале Human Rights Watch гуфт, "ходимони пулис ва кормандони дигари қудратӣ даст ба кушторҳои худсарона ва поймолкунини ҳуқуқи одамон зада, ҳеч яке аз онҳо ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд".

Мать Даладжана Мирзаева:"они обременили его ударами и избиениями"

Мать Даладжана Мирзаева:"они обременили его ударами и..

Модари яке аз гумонбарони асосии ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия, ки ба ҳабси абад...

Раҳмон ба Пекин парвоз мекунад: дар паси сафари навбатии президенти тоҷикистон ба Чин чӣ истодааст

Раҳмон ба Пекин парвоз мекунад: дар паси сафари навбатии президенти..

Аз 11 то 14 май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати шахсии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си...

The New York Times дар бораи захмҳои раҳбари Нави Эрон дар рӯзи аввали ҷанг бо ИМА хабар дод. Дар Теҳрон гуфтанд, ки ӯ "солим"аст

The New York Times дар бораи захмҳои раҳбари Нави Эрон дар рӯзи..

Раҳбари нави Олии Эрон Муҷтабо Хоманаӣ дар рӯзи аввали ҷанг аз пой захмӣ шуд ва аз ин рӯ, аз замони...

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 17 қочоқбар кушта шудаанд

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 17 қочоқбар кушта шудаанд..

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали имсол неруҳои қудратии кишвар бо қочоқбарони афғонистонӣ...

Дар суқути ду ҲАВОПАЙМОИ Бидуни САРНИШИН дар Наздикии фурудгоҳи Дубай чаҳор нафар маҷрӯҳ шуданд

Дар суқути ду ҲАВОПАЙМОИ Бидуни САРНИШИН дар Наздикии фурудгоҳи Дубай..

Чор нафар дар натиҷаи суқути ду ҳавопаймои бесарнишин дар фурудгоҳи Байналмилалии Дубай захмӣ шуданд....

Ҳалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар садамае дар Дарвоз

Ҳалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар садамае дар Дарвоз..

Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар садама ё тасодуфи нақлиётӣ дар ҳудуди...

Комментарии (0)