Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Дастури Раҳмон барои суръат бахшидани рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ

Дастури Раҳмон барои суръат бахшидани рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мақомдорон барои суръат бахшидани Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот дастурҳои мушаххас дод
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамӣ барои гузариши пурраи хизматрасонии афзалиятноки давлатӣ ба шакли электронӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот дастуру супоришҳо дод.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти президент, дастурҳои дахлдор рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи аввали Шӯро, ки дар Душанбе баргузор шуд, дода шуданд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии президенти Тоҷикистон, дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, инчунин пешниҳоди масъалаи "Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раҳмон қайд кард, ки рақамикунонӣ бояд, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани зиндагии мардум, сарфаи вақти шаҳрвандону соҳибкорон, кам шудани хароҷоти иловагӣ, шаффофияти идоракунӣ ва афзоиши рақобатнокии иқтисоди миллӣ хизмат намояд.
Ба гуфтаи вай, дар кишвар низомҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои электронӣ роҳандозӣ шудаанд, вале фаъолияти ҷудогонаи онҳо, такроран талаб намудани маълумот, мавҷудияти расмиёти коғазӣ ва номуайянии натиҷаи баъзе лоиҳаҳо ҳанӯз мушоҳида мешавад.
Дар ин робита, роҳбари давлат таъкид кард, ки ҳамгироии низомҳо, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти киберӣ, шаффофияти хароҷот ва риояи принсипи "маълумот танҳо як маротиба" аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ҳамин ҳол, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти киберӣ пешниҳодҳо манзур намояд.
Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки масъулони сатҳи техникиро барои ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди низомҳои рақамӣ муайян намуда, дар ин самт бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ монанд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо Вазорати адлия ва вазорату идораҳои соҳавӣ вазифадор гардид, ки нақшаи марҳала ба марҳала пурра электронӣ намудани хизматрасониҳои афзалиятноки давлатиро пешниҳод намояд.
Ҳамчунин Раҳмон ба Хадамоти гумрук супориш дод, ки якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор харитаи гузариш ба расмиёти пурра бекоғазро таҳия ва татбиқ намояд.
Инчунин Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор гардид, ки оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти киберӣ пешниҳодҳо манзур намояд.
"Мегуфтам, ки ба хотири кӯдакон тоқат кун, аммо оқибат духтарамро кушт"

"Мегуфтам, ки ба хотири кӯдакон тоқат кун, аммо оқибат..

Наздикони Ҷавҳарбии Давлатшо, ки аз сӯи шавҳари собиқаш кушта шуд, мунтазири онанд, ки парванда...

Вокуниш: ҷаримабандии 3 нафар барои бадрафторӣ нисбати ҳайвон (саг)

Вокуниш: ҷаримабандии 3 нафар барои бадрафторӣ нисбати ҳайвон (саг)..

Вокуниш: ҷаримабандии 3 нафар барои бадрафторӣ нисбати ҳайвон (саг)...

Гузоришҳо аз кушта шудани як зани тоҷик дар Афғонистон

Гузоришҳо аз кушта шудани як зани тоҷик дар Афғонистон..

Як зани пизишк аз Тоҷикистон дар вилояти Кундузи Афғонистон кушта шудааст. Дар ин бора телевизиони...

Ҳамасола дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, махсусан Иди Рамазон ва Иди Қурбон, мутаассифона, дар заминаи беназоратӣ ва каммасъулиятии баъзе аз волидайн, ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ, бедаракшавии кӯдакон ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо бо иштироки ноболиғон ба қайд г

Ҳамасола дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, махсусан Иди Рамазон ва Иди Қурбон,..

Ҳамасола дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, махсусан Иди Рамазон ва Иди Қурбон, мутаассифона, дар заминаи беназоратӣ...

Қадршиносии духтараки 4 сола барои эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ

Қадршиносии духтараки 4 сола барои эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ..

Қадршиносии духтараки 4 сола барои эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ...

"Аз даҳ моҳ камтар кор кунӣ, ҳаққи иқомат бекор мешавад". Тарҳи нав дар Дума

"Аз даҳ моҳ камтар кор кунӣ, ҳаққи иқомат бекор мешавад"...

Қарор аст, ба зудӣ Думаи давлатии Русия қонунеро ба баррасӣ бигирад, ки ба эҳтимоли зиёд ба зиндагӣ ва...

Комментарии (0)