Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Муфтӣ аз сарбозони тоҷик хост, якдигарро озор надиҳанд

Муфтӣ аз сарбозони тоҷик хост, якдигарро озор надиҳанд
Муфтӣ аз сарбозони тоҷик хост, якдигарро озор надиҳанд
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо ё муфтии Тоҷикистон дар мулоқот бо сарбозону марзбонҳои тоҷик аз онҳо хостааст, ки якдигарро озор надода, дастгирӣ ҳамдигар бошанд.
Шӯрои уламо бо нашри наворе гуфт, ки ин дидори муфтӣ бо марзбонону наваскарон рӯзи 20-уми октябр дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Нерӯҳои марзбонӣ (Қӯшунҳои сарҳадӣ)-и КДАМ, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе воқеъ аст, сурат гирифтааст.
Абдуқодирзода дар хитоб ба сарбозон мегӯяд, "ин барои шумо беҳтарин фурсат аст, ки дар ин ҷо на ин ки барои худ душман на касеро озор бидиҳед, баръакс ҳамдигарро дастгирӣ кунед... Ин аст нангу номусу мусалмонӣ".
Ба навиштаи Шӯрои уламо, муфтӣ дар мавриди аҳаммияти ҳифзи марзу буми кишвар ва масъулияти хидмат ба халқу давлат андешаронӣ карда, ба наваскарон ва сарбозон тавсия доддодаст, “вазифаҳои хидматиро содиқона иҷро ва меъёрҳои ростқавлӣ, интизом, эҳтироми якдигар, сабру таҳаммул ва ахлоқи ҳамидаи исломиро риоя кунанд”.
Мушкили озору азияти сарбозон дар артиш ва қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон, махсусан, таҳқиру латукӯби наваскарон аз сӯйи кӯҳнасарбозон солҳо боз доғ боқӣ мемонад. Вале мақомот на ҳамеша вуҷуди ин ҳолатро дар артиш қабул мекунанд.
Муфтии Тоҷикистон қаблан ҳам ба дидори наваскарон рафта, онҳоро насиҳат карда буд.
Қазоқистон ҷалби худро ба ҷанги эрон истисно намекунад ва НЕРӮҲОИ баҳрии худро омода мекунад

Қазоқистон ҷалби худро ба ҷанги эрон истисно намекунад ва НЕРӮҲОИ..

Қазоқистон ҷалби худро ба ҷанги эрон истисно намекунад ва НЕРӮҲОИ баҳрии худро омода мекунад Қазоқистон...

Истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли дар панҷ соли ахир 2,1 маротиба афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли дар панҷ соли ахир..

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир рушди устувор ва назаррасро нишон додааст...

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи аз байн бурдани маблағи 100 сомони

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи аз байн бурдани..

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳаи нақлиёт дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо...

Чор нафар пас аз марги як духтари семоҳа дар кемпинг боздошт шуданд

Чор нафар пас аз марги як духтари семоҳа дар кемпинг боздошт шуданд..

Дар ҷои марги кӯдак боқимондаҳои хаймаи сӯхта, партовҳо ва ашеи кӯдакон ефт шуданд....

Тағйироти кадрӣ: Муовини раиси додгоҳи Хуҷанд ва додситону сардори шуъбаи ВКД дар Мастҷоҳ нав шуданд

Тағйироти кадрӣ: Муовини раиси додгоҳи Хуҷанд ва додситону сардори..

Тағйироти кадрӣ: Муовини раиси додгоҳи Хуҷанд ва додситону сардори шуъбаи ВКД дар Мастҷоҳ нав шуданд...

Абдуллоев Умедҷон, сокини 39-солаи ноҳияи Вахш, дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ ва ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешавад.

Абдуллоев Умедҷон, сокини 39-солаи ноҳияи Вахш, дар содир намудани..

Абдуллоев Умедҷон, сокини 39-солаи ноҳияи Вахш, дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ ва ташкили...

Комментарии (0)