Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Рушди чашмгир: Тиҷорати Тоҷикистону Русия аз аввали сол 21% афзудааст

Рушди чашмгир: Тиҷорати Тоҷикистону Русия аз аввали сол 21% афзудааст
Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 39,5% ё 3138,4 млн доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 60,5% ё 4804,9 млн доллар рост меояд
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik.Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар арсидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад.
Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст.
Ин дар муқоиса бо январ - июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.
Русия калонтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аз миёни кишварҳои узви ИИАО мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон 23%-и воридот ва 5,4% содироти умумии кишвар ба Русия рост меояд.
Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-июли соли 2026 нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2025 бо мамлакатҳои ИДМ 24,6% ё 619,7 млн доллар зиёд, бо мамлакатҳои хориҷи дур низ 56,9% ё 1743,3 млн доллар зиёд мебошад.
Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 39,5% ё 3138,4 млн доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 60,5% ё 4804,9 млн доллар рост меояд.
Ба гузориши Оҷонси омор, касри тарози савдо манфӣ буда бо мамлакатҳои ИДМ –2478,2 млн доллар ва мамлакатҳои хориҷи дур –1899,7 млн долларро ташкил додааст.
Дар ин муддат содироти мол 1782,7 млн долларро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 57,2% ё 648,3 млн доллар зиёд шудааст.
Воридоти мол ба ҷумҳурӣ 6160,6 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2025-ум 38,6% ё 1714,7 млн доллар зиёд мебошад.
Дар Аврупо нархи газ босуръат боло меравад

Дар Аврупо нархи газ босуръат боло меравад..

Сабаби ин хабарҳо дар он буд, ки ҳуситҳо дар баҳри Сурх назорат мекунанд....

Иқтисоди Тоҷикистон аз замони истиқлолият 13 маротиба афзоиш ёфтааст

Иқтисоди Тоҷикистон аз замони истиқлолият 13 маротиба афзоиш ёфтааст..

Афзоиши миёнаи солонаи ММД-и Тоҷикистон 7,6%-ро ташкил додааст....

Вазири тоҷик аз мақомоти Эрон хост ба ҳалли панҷ масъала мусоидат намоянд

Вазири тоҷик аз мақомоти Эрон хост ба ҳалли панҷ масъала мусоидат..

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ҳамтои эронии худ дархост кардааст, ки барои ҳалли як қатор масъалаҳо, ки...

Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе "ярмарка"-и маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад

Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе..

Дар арафаи таҷлили иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе, аз 14 то 20-уми март...

“Пул гирем, андоз супорем. Ҷабр аст”. Назарҳо ба андозбандии ҳамёнҳои электронӣ

“Пул гирем, андоз супорем. Ҷабр аст”. Назарҳо ба андозбандии ҳамёнҳои..

Пас аз як тасмими Оҷонсии инноватсия ва фанновариҳои нави Тоҷикистон дар ду-се рӯзи ахир бештари...

Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши нафт дар Осиёи Марказӣ саҳм гузорад

Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши нафт дар Осиёи..

Роҳбари бунёди рушди Русияву Қирғизистон гуфт, ки Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши...

Комментарии (0)