Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Тиҷорати Тоҷикистону Чин ба марзи 3 миллиард доллар расидааст

Тиҷорати Тоҷикистону Чин ба марзи 3 миллиард доллар расидааст

Рӯзи 18-уми сентябр мақомоти Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорат байни ду кишварро баррасӣ кардаанд, ки торафт густариш меёбанд, вале мояи нигаронӣ ҳам ҳастанд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Дар ин баёния омадааст: “Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, маъданҳои муҳим ва «сабз», нассоҷӣ, чарму пойафзол ва саноати коркард, таъсиси корхонаҳои муштарак, коркарди амиқи ашёи хом, маҳаллисозии истеҳсолот ва татбиқи технологияҳои муосир, рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, тиҷорати дуҷониба, ҳамкории байниминтақавӣ ва таҳкими робитаҳо дар доираи механизми «Чин — Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардиданд.”

Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки гардиши тиҷорати дуҷониба дар соли 2025 ба марзи 3 миллиард ва ё ба 2,9 миллиард доллар расида, ки дар муқоиса ба ба соли 2024-ум 46 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар баёнияи вазорат ҳамчунин омадааст, ки дар доираи ин ҷаласа Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдо бо Лин Сзи, бо муовини вазири тиҷорати Чин масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, бахусус рушди занҷири истеҳсолӣ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, энергетика ва нақлиётро баррасӣ карданд.

Моҳи майи имсол ду кишвар бо арзиши 647 миллион доллар қарордодҳои тиҷоратӣ ва ҳамкорӣ карданд.Чин аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва Душанбе аз Пекин бештар аз 700 миллион доллар қарздор аст.

Қарзҳои зиёди Чин нигарониҳоеро ба миён овардааст. Пойбандии ҳарчи бештари иқтисодии Тоҷикистон аз Чин ин нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки Душанбе дар оянда пойбанди амру иродаи сиёсии Пекин хоҳад гашт.

Ширкатҳои чинӣ дар арсаи истихроҷи маъданҳои нодири Тоҷикистон ҳузури густурда доранд. Ду ширкати чинӣ “Зарафшон” ва “Покруд” 84 дарсади захираҳои тилои солонаи Тоҷикистонро истихроҷ мекунанд. Тоҷикистон ва Чин тақрибан 500 километр марзи муштарак доранд.

Бо зарбаҳо ба НПЗ-и русия, Украина кӯшиш мекунад, Ки Осиеи Марказиро оташ занад

Бо зарбаҳо ба НПЗ-и русия, Украина кӯшиш мекунад, Ки Осиеи Марказиро..

Зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба Корхонаи Коркарди Нафти Омск — бузургтарин Дар Русия — мавҷи...

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи аз байн бурдани маблағи 100 сомони

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи аз байн бурдани..

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳаи нақлиёт дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо...

Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳои энергетикӣ ва лоиҳаи CASA-1000-ро баррасӣ карданд

Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳои энергетикӣ ва лоиҳаи CASA-1000-ро..

Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Қирғизистон сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро...

Нигаронии Раҳмон аз бозори сӯхт: Дастури президент барои зудтар ворид кардани сӯзишворӣ

Нигаронии Раҳмон аз бозори сӯхт: Дастури президент барои зудтар ворид..

Раисҷумҳури кишвар дар ҷаласаи ахири ҳукумат ба масъулин дастур дод, ки вазъи таъмини устувори бозори...

Иқтисоди Тоҷикистон аз замони истиқлолият 13 маротиба афзоиш ёфтааст

Иқтисоди Тоҷикистон аз замони истиқлолият 13 маротиба афзоиш ёфтааст..

Афзоиши миёнаи солонаи ММД-и Тоҷикистон 7,6%-ро ташкил додааст....

Саноати Мошинсозии Аврупо аз Ҳисоби Боҷи Трамп беш аз 8 миллиард евро аз даст дод

Саноати Мошинсозии Аврупо аз Ҳисоби Боҷи Трамп беш аз 8 миллиард евро..

Зарари ширкати Volkswagen 3,6 миллиард еврооро ташкил дод. Истеҳсолкунандагони мошинҳои аврупоӣ аз...

Комментарии (0)