Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 39,5% ё 3138,4 млн доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 60,5% ё 4804,9 млн доллар рост меояд
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik.Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар арсидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад.
Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст.
Ин дар муқоиса бо январ - июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.
Русия калонтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аз миёни кишварҳои узви ИИАО мебошад.
Ин дар муқоиса бо январ - июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.
Русия калонтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аз миёни кишварҳои узви ИИАО мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон 23%-и воридот ва 5,4% содироти умумии кишвар ба Русия рост меояд.
Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-июли соли 2026 нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2025 бо мамлакатҳои ИДМ 24,6% ё 619,7 млн доллар зиёд, бо мамлакатҳои хориҷи дур низ 56,9% ё 1743,3 млн доллар зиёд мебошад.
Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 39,5% ё 3138,4 млн доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 60,5% ё 4804,9 млн доллар рост меояд.
Ба гузориши Оҷонси омор, касри тарози савдо манфӣ буда бо мамлакатҳои ИДМ –2478,2 млн доллар ва мамлакатҳои хориҷи дур –1899,7 млн долларро ташкил додааст.
Дар ин муддат содироти мол 1782,7 млн долларро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 57,2% ё 648,3 млн доллар зиёд шудааст.
Воридоти мол ба ҷумҳурӣ 6160,6 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2025-ум 38,6% ё 1714,7 млн доллар зиёд мебошад.