Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Мақомот: касбомӯзӣ метавонад ба коҳиши сатҳи бекорӣ мусоидат кунад

Мақомот: касбомӯзӣ метавонад ба коҳиши сатҳи бекорӣ мусоидат кунад
Мақомот мегӯяд, ки талаботи бозори меҳнат сол ба сол тағйир меёбад ва корфармоён бештар ба мутахассисони соҳибихтисос ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Ғайрат Оқилзода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки рушди низоми касбомӯзӣ метавонад ба коҳиши сатҳи бекорӣ, беҳтар гардидани рақобатпазирии қувваи корӣ ва зиёд шудани имкониятҳои шуғли ҷавонон мусоидат намояд.
Ба гуфтаи вай, тақвияти ҳамкории мақомоти меҳнат бо корфармоён ва муассисаҳои таълимӣ яке аз омилҳои асосии рушди бозори меҳнат арзёбӣ мегардад.
“Татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд бомаром идома дорад. Мо танҳо ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон маҳдуд намешавем. Ҳадафи асосӣ ин омода кардани мутахассисоне мебошад, ки ба талаботи иқтисодиёти муосир ҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи бештар ба рушди касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбҳои бозорталаб равона шудааст”, гуфт Оқои Оқилзода.
Вай илова кард, ки мақомот ба дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ низ аҳамияти махсус медиҳад.
“Тавассути ҷойҳои кории квотавӣ садҳо нафар соҳиби шуғл гардиданд”, - афзуд ӯ.
Вай илова кардааст, ки имрӯз фаъолияти раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ба баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат нигаронда шудааст.
Ба иттилои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд тибқи Барномаи давлатӣ барои соли 2026 дар вилоят таъмин намудани 20 ҳазору 602 нафар бо ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз ба 12 ҳазору 80 нафар барои пайдо намудани ҷойи кори доимӣ мусоидат карда шуд.
Ҳамчунин, аз ҳисоби шаҳрвандони бекори бақайдгирифташуда 3352 нафар барои омӯзиши касбҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозор роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон, тавассути низоми худмаблағгузорӣ боз 4721 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.
Дар Заминларзаи Венесуэла ҳадди аққал 32 нафар кушта ва зиеда аз 700 нафар захмӣ шуданд

Дар Заминларзаи Венесуэла ҳадди аққал 32 нафар кушта ва зиеда аз 700..

Дар айни замон, роҳбарияти Венесуэла ҳанӯз омори Иелати Ла-Гуайраро надорад. Дар Натиҷаи заминларза Дар...

"Ман шарафро пок кардам": хушдоманам келини худро ба сабаби гумонбар шудани хиенат ба қатл расонд

"Ман шарафро пок кардам": хушдоманам келини худро ба сабаби..

Табибоне, ки ба ҷои ҳодиса расиданд, марги духтарро муайян карданд. Дар Туркия хушдоманаш келини худро...

Чеҳраҳои шинохта шомили қонуни афв нашуданд

Чеҳраҳои шинохта шомили қонуни афв нашуданд..

Манбаъҳои огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қонуни нави афв дар Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳе аз...

Шумораи кушташудагон пас аз заминларза дар Колумбия ба 265 расид

Шумораи кушташудагон пас аз заминларза дар Колумбия ба 265 расид..

Дар Колумбия дар натиҷаи заминларза 265 нафар кушта ва 3494 нафар захмӣ шуданд, сарнавишти 496...

Тиктокерҳо духтари 13-соларо дар нома маст карданд ва дар Қазон аз ҷониби издиҳом таҷовуз карданд

Тиктокерҳо духтари 13-соларо дар нома маст карданд ва дар Қазон аз..

Духтарак ҳомиладор шуд ва волидонаш аз ӯ даст кашиданд. Дар Қазон як гурӯҳи наврасон дар як ҷашнвора як...

"Мегуфтам, ки ба хотири кӯдакон тоқат кун, аммо оқибат духтарамро кушт"

"Мегуфтам, ки ба хотири кӯдакон тоқат кун, аммо оқибат..

Наздикони Ҷавҳарбии Давлатшо, ки аз сӯи шавҳари собиқаш кушта шуд, мунтазири онанд, ки парванда...

Комментарии (0)