Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Раҳмон: давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш бошанд

Раҳмон: давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш бошанд
Президенти Тоҷикистон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи кишвар мулоқоту дарси сулҳ гузаронд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik.Эмомалӣ Раҳмон дар дарси сулҳ таъкид кард, ки давлат он вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш, касбу ҳунар, маҳорату малака, одобу ахлоқ ва ҳисси баланди ватандорӣ мебошанд.
“Дар пешрафти соҳаи маориф ва густаришу тақвияти сатҳу сифати таълиму тарбия муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нақши шоиста доранд”, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай гуфт, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи донишкадаву донишгоҳҳои кишвар бамаротиб афзуда, ҳоло ба 51 расидааст ва чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилотҳои мавҷуда ба вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дод.
Ҳамчунин бо дарназардошти зиёд гардидани талабот ба мутахассисони соҳаи амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ дар бозори меҳнат, дар назди сохторҳои марбута як қатор вазифаҳо гузошта шуд.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар ва ватандӯсту созандаи кишвар фардо ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ, пояи устувори ҷомеаи пешрафта ва кафолати идомаи роҳи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил хоҳанд ёфт.
Қайд карда шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ миёни роҳбари кишвар ва аҳли нишаст маҳифили пурсишу посух ва суҳбати озод доир гардид.
Зина ба зина парки нақлиётии милитсияи пойтахт бо воситаҳои нави нақлиёти хизматӣ навсозӣ гардида, шароити фаъолияти кормандони мақомоти милитсия беҳтар карда шуда истодааст.

Зина ба зина парки нақлиётии милитсияи пойтахт бо воситаҳои нави..

Зина ба зина парки нақлиётии милитсияи пойтахт бо воситаҳои нави нақлиёти хизматӣ навсозӣ гардида,...

Муҳокимаи Тошиев ва ҳамроҳонаш дар Қирғизистон оғоз шудааст

Муҳокимаи Тошиев ва ҳамроҳонаш дар Қирғизистон оғоз шудааст..

Дар Қирғизистон баррасии муқаддамотии парвандаи талош барои табаддулоти давлатӣ оғоз шуд, ки яке аз...

Тақсими доруи "Албендазол" дар мактабҳои Тоҷикистон ҷанҷолӣ шуд

Тақсими доруи "Албендазол" дар мактабҳои Тоҷикистон ҷанҷолӣ..

Пахши наворе, ки дар он як духтар аз дарди шикам шикоят карда, волидонаш мегӯянд, ӯ баъд аз хӯрдани...

Дар Олмон аз сабаби гармӣ дар Соли 2026 14 ҳазор нафар фавтиданд

Дар Олмон аз сабаби гармӣ дар Соли 2026 14 ҳазор нафар фавтиданд..

Аз аввали соли Ҷорӣ дар Олмон тақрибан 14 ҳазор нафар қурбони оқибатҳои ҳавои гарм шуданд. Дар ин бора...

Зиеда аз 40 нафар пас АЗ ҲОДИСАИ ФАВҚУЛОДДА бо ҳавопаймо дар фурудгоҳи Ню Йорк дар беморхона бистарӣ шуданд

Зиеда аз 40 нафар пас АЗ ҲОДИСАИ ФАВҚУЛОДДА бо ҳавопаймо дар..

Ду нафар кушта шуданд ва 41 нафар пас аз бархӯрди ҳавопаймо ва мошини оташнишонӣ дар фурудгоҳи...

Сафири Эрон нақшаҳои ҳамкории "ояндадортар" бо Ҳиндустонро эълон кард

Сафири Эрон нақшаҳои ҳамкории "ояндадортар" бо Ҳиндустонро..

Ҳамкории иқтисодии Эрон бо Ҳиндустон дар давраи ҷанги Ховари Миена устувор боқӣ мемонад, аммо пас аз...

Комментарии (0)