Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ховалинг

Гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ховалинг
Гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ховалинг
Ҳамасола дар қаламрави кишвар бахшида ба ҳаргуна ҷашну маросимҳои миллӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешавад.
Ин навбат бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони ватандӯсту меҳанпараст ва саховатпешаи ин диёр мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи зебоманзару сайёҳии Ховалинг гузаронида шуд.
Бояд зикр намуд, ки мусобиқаи гӯштини миллӣ бо иштироки меҳмонон ва паҳлавонҳои шинохтаи кишвар ва кишварҳои ҳамсоя доир гардида, дар он ҳаводорону мухлисони бешумор аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ба тамошо омаданд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ, инчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Узбекистону Қазоқистон иштирок намуданд. Барои кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар гилеми алоҳида мусобиқа доир гардида, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҳам рақобат намуданд.
Дар ин рақобатҳои варзишии сатҳи баланд дар баробари дигар варзишгарон ҳамзамон паҳлавонони Вазорати корҳои дохилӣ аз худ маҳорати баланди гӯштингирӣ нишон дода, табъи ҳаводорони ин соҳаи варзишро хуш намуданд.
Аз ҷумла, дар ин мусобиқа афсари Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД лейтенанти калон Мирзоҷамол Рамазонов бар ҳарифи худ дастболо гардида, сазовори шоҳҷоизаи ин мусобиқа электромобил гардид.
Ҳамзамон дар ин сабқатҳо як қатор афсарону сарбозони Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷоизаҳо гардиданд.
Гӯштингирон ва паҳлавонони мо тавонистанд дар рақобат бо ҳарифони хеш аз кишварҳои ҳамсоя аз худ маҳорати олии варзишӣ нишон диҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷараёни баргузории мусобиқаи мазкур собиқадорону паҳлавонони шинохтаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки чандин маротиба дар ин риштаи варзиш парчамбардорони кишвар гардидаанд, аз ҷониби ташкилкунандагони ин чорабинӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Тамоми ғолибони мусобиқа аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони ватандӯсту меҳанпараст ва саховатпешаи ин диёр бо шоҳҷоиза ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гадиданд.
Ин гӯштини байналмилалӣ бо иштироки паҳлавонону варзишгарони номӣ ва меҳмонони олиқадру чемпионҳои ҷаҳонӣ, инчунин наздики бист ҳазор тамошобин доир гардида, дар дили ҳаводорони худ меҳр ба ин намуди варзишро зиёд намуд.
Р.Илёсзода
Тоҷикистон ба мардуми осебдида дар Эрон кумак фиристодааст

Тоҷикистон ба мардуми осебдида дар Эрон кумак фиристодааст..

Тоҷикистон барои кумак ба мардуми осебдида дар Эрон дар 110 мошин ёрии башардӯстона фиристодааст....

Қаллобон барои дуздии маълумот клонҳои сайтҳои cashback эҷод мекунанд

Қаллобон барои дуздии маълумот клонҳои сайтҳои cashback эҷод мекунанд..

Барои муҳофизат аз ҳамлагарон, шумо бояд ба сатри суроғаҳои сайт диққати махсус диҳед. Қаллобон...

Донишҷӯ дар Тоҷикистон зиёд мешавад: Маркази миллии тестӣ сабабашро гуфт

Донишҷӯ дар Тоҷикистон зиёд мешавад: Маркази миллии тестӣ сабабашро..

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон имсол дар нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 10...

Вокуниши мақомот ба нашри навори “латукӯби як кӯдак аз сӯйи модараш”

Вокуниши мақомот ба нашри навори “латукӯби як кӯдак аз сӯйи модараш”..

Вокуниши мақомот ба нашри навори “латукӯби як кӯдак аз сӯйи модараш”...

ЗАКОТ БА КӢ ФАРЗ АСТ, ОНРО БОЯД БА КИҲО ДОД ВА КӢ АЗ ИН САДАҚАИ ҲАТМӢ ОЗОД АСТ? МУҲИМТАРИН НУКОТ ДАР БОРАИ ЗАКОТ

ЗАКОТ БА КӢ ФАРЗ АСТ, ОНРО БОЯД БА КИҲО ДОД ВА КӢ АЗ ИН САДАҚАИ ҲАТМӢ..

ЗАКОТ БА КӢ ФАРЗ АСТ, ОНРО БОЯД БА КИҲО ДОД ВА КӢ АЗ ИН САДАҚАИ ҲАТМӢ ОЗОД АСТ? МУҲИМТАРИН НУКОТ ДАР...

Шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳамчум макони ҷамъиятӣ ба шумор рафта, нашри ҳар гуна наворҳои дорои алфози қабеҳ ва таҳқиркунандаи шаҳрвандон манъ аст.

Шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳамчум макони ҷамъиятӣ ба шумор рафта, нашри..

Шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳамчум макони ҷамъиятӣ ба шумор рафта, нашри ҳар гуна наворҳои дорои алфози қабеҳ...

Комментарии (0)