Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Мать Даладжана Мирзаева:"они обременили его ударами и избиениями"

Мать Даладжана Мирзаева:"они обременили его ударами и избиениями"

Модари яке аз гумонбарони асосии ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия, ки ба ҳабси абад маҳкум шуд, ҳукми додгоҳи низомии Маскавро беасос хонд.

Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба писараш "туҳмат шудааст".

"Бо шиканҷа ва задану кӯфтан гуноҳро ба сараш бор карданд. Ҳамааш дурӯғ аст. Ягон бор моро даъват накарданд, напурсиданд. Дар ҳаққи бачаам туҳмат аст. Вай ин корҳоро намекард. Худоё, акнун ман ба куҷо муроҷиат кунам, кӣ пушти моро мегирад?" – афзуд ӯ.

Далерҷон Мирзоев ва 14 нафари дигар рӯзи 12-уми март бо айбномаи тарҳрезӣ ва ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав ба ҳабси якумрӣ маҳкум ва чаҳор тани дигар аз 19 то 22 сол зиндонӣ шуданд.

Як нафари онҳо аз Қирғизистон, ду тан аз Ингушистон ва боқимонда аз Тоҷикистон ҳастанд.

Мавқеи маҳкумшудаҳо ба хулосаи додгоҳ ҳанӯз маълум нест, вале пештар баъзе аз онҳо дар нома ва дархостҳои ҷудогона худро бегуноҳ дониста ё хоҳони дигар кардани парванда шуда буданд. Бархе ҳам, ба қавли вакилони мудофеъ, "ба гуноҳ иқрор карданд", вале маълум нест таҳти чӣ шароите.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора вокуниш накардаанд.

Ҳамла ба толори консертии "Крокус" рӯзи 22-юми марти соли 2024 рӯй дод ва дар натиҷа 149 нафар куштаву садҳо тан захмӣ шуданд.

Ҳодисаи “Крокус”, ки муҳоҷирони тоҷик дар марказаш қарор гирифтанд, ба кору зиндагӣ ва нақшаву нияти даҳҳо ҳазор кас дар Тоҷикистон ва Русия таъсир гузошт. Ҳарчанд муносибати дағал, санҷишҳои пайиҳам, маъракаи зидди муҳоҷирон дар Русия ва боздошту ихроҷи онҳо то моҳи марти соли 2024 низ ҷой дошт, баъди он бештар шуд.

Исроил ҷонибдори боздоштани зарбаҳо ба Эрон аст

Исроил ҷонибдори боздоштани зарбаҳо ба Эрон аст..

Исроил боздоштани зарбаҳои ИМА ба Эронро дастгирӣ мекунад. Дар ин бора Дар изҳороти Сарвазири Исроил...

Сарбози Вазорати мудофиа худро дар рӯди Кофарниҳон ғарқ кардааст

Сарбози Вазорати мудофиа худро дар рӯди Кофарниҳон ғарқ кардааст..

Як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон дар ноҳияи...

Дар Тоҷикистон феҳристи номҳои "дуруст" - арабӣ ва ғарбӣ таҳти манъ васеъ карда шуд

Дар Тоҷикистон феҳристи номҳои "дуруст" - арабӣ ва ғарбӣ..

Дар Тоҷикистон "Феҳристи навшудаи номҳои миллии тоҷик" тасдиқ шуд, ки аз он вариантҳои...

Росатом: БА НЕРӮГОҲИ Барқии АТОМӢ дар Бушер зарба зада, эвакуатсияи кормандони русия омода мешавад

Росатом: БА НЕРӮГОҲИ Барқии АТОМӢ дар Бушер зарба зада, эвакуатсияи..

Нерӯгоҳи барқи атомии эрон дар Бушер мавриди зарба қарор гирифт снаряд ба ҚАЛАМРАВИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ...

Аз ҷониби кормандони Маркази «Шаҳри бехатар», барои бе рақами қайди давлатӣ идора намудани воситаи нақлиёт шаҳрванд Буриев Комрон — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота», рақами қайди давлатиаш 4299VV01, боздошт гардид.

Аз ҷониби кормандони Маркази «Шаҳри бехатар», барои бе рақами қайди..

Аз ҷониби кормандони Маркази «Шаҳри бехатар», барои бе рақами қайди давлатӣ идора намудани воситаи...

Трамп дастур дод, ки зарбаҳо ба инфрасохтори энергетикии Эрон панҷ рӯз ба таъхир гузошта шаванд

Трамп дастур дод, ки зарбаҳо ба инфрасохтори энергетикии Эрон панҷ..

Президенти Има Доналд Трамп ба низомиен дастур дод, ки зарбаҳоро ба инфрасохтори энергетикии Эрон дар...

Комментарии (0)