Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Таъиноти кадрӣ

Таъиноти кадрӣ
Таъиноти кадрӣ
17.07.2026
17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
1. Ғуломзода Зиёратшо – муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон
2. Иброҳимзода Илҳомуддин – муовини вазири маориф ва илм
3. Ёқубзода Сӯҳроб – муовини вазири нақлиёт
4. Яҳёзода Парвиз – муовини вазири энергетика ва захираҳои об
5. Давлатзода Азизуллоҳ – муовини сардори Хадамоти гумрук
6. Раҳмонзода Рамазон – директори Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
7. Золотухин Алексей – ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия
8. Фаррухҷони Саидҷафар – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб
9. Давлатзода Зафар – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон
10. Нуриддинзода Сайҷамолидин – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон
11. Абдураҳмонзода Шовалӣ – муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
12. Хотамзода Каримхон – муовини раиси Раёсати КВД бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»
Аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибихтисос, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-истеҳсолӣ муовинони роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои номбурда доир ба рақамикунонии истеҳсолот ва технологияи муосири рақамӣ таъин гардиданд.
Дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Кадрҳои ҷавони дорои дастовардҳои намоёни илмию таълимӣ ба вазифаҳои роҳбарӣ дар ин муассисаҳо таъин гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суҳбат сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои вазорати маориф ва илм бо мисолҳо таҳлил намуда, доир ба баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон ва бартараф намудани камбудиҳои вобаста ба норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи рӯз супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ва бо дасту дили пок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.
ДАР ИМА духтар пас аз ворид шудани амеба, ки мағзи сарро мехӯрад, вафот кард

ДАР ИМА духтар пас аз ворид шудани амеба, ки мағзи сарро мехӯрад,..

Духтари ҳаштсола Аз Иелати Луизиана пас аз ворид шудани амеба Naegleria fowleri, ки аз ҳуҷайраҳои мағзи...

The New York Times: ИМА истеъфои президенти Кубаро талаб мекунад

The New York Times: ИМА истеъфои президенти Кубаро талаб мекунад..

Маъмурияти Доналд Трамп талош дорад, Ки президенти Куба Мигел Диас-Канелро аз қудрат барканор кунад,...

Ба дӯстдорони суши вируси нобино таҳдид мекунад

Ба дӯстдорони суши вируси нобино таҳдид мекунад..

Ин беморӣ бо илтиҳоби шадид ва баланд шудани фишори дохили чашм ҳамроҳ мешавад. Олимони чинӣ вируси...

Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад

Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум,..

Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад...

Раҳмон: Байни ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернетро баланд бардоред

Раҳмон: Байни ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернетро..

Президенти Тоҷикистон ба мақомдорон се моҳ муҳлат дод то миёни фарҳанги истифодаи шабакаи интернет,...

Боздошти як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Арманистон

Боздошти як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Арманистон..

Нерӯҳои марзбонии Арманистон як шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Ба иттилои дарёфтии...

Комментарии (0)