17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
1. Ғуломзода Зиёратшо – муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон
2. Иброҳимзода Илҳомуддин – муовини вазири маориф ва илм
3. Ёқубзода Сӯҳроб – муовини вазири нақлиёт
4. Яҳёзода Парвиз – муовини вазири энергетика ва захираҳои об
5. Давлатзода Азизуллоҳ – муовини сардори Хадамоти гумрук
6. Раҳмонзода Рамазон – директори Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
7. Золотухин Алексей – ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия
8. Фаррухҷони Саидҷафар – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб
9. Давлатзода Зафар – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон
10. Нуриддинзода Сайҷамолидин – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон
11. Абдураҳмонзода Шовалӣ – муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
12. Хотамзода Каримхон – муовини раиси Раёсати КВД бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»
Аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибихтисос, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-истеҳсолӣ муовинони роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои номбурда доир ба рақамикунонии истеҳсолот ва технологияи муосири рақамӣ таъин гардиданд.
Дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Кадрҳои ҷавони дорои дастовардҳои намоёни илмию таълимӣ ба вазифаҳои роҳбарӣ дар ин муассисаҳо таъин гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суҳбат сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои вазорати маориф ва илм бо мисолҳо таҳлил намуда, доир ба баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон ва бартараф намудани камбудиҳои вобаста ба норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи рӯз супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ва бо дасту дили пок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.