Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Вазири тоҷик аз мақомоти Эрон хост ба ҳалли панҷ масъала мусоидат намоянд

Вазири тоҷик аз мақомоти Эрон хост ба ҳалли панҷ масъала мусоидат намоянд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ҳамтои эронии худ дархост кардааст, ки барои ҳалли як қатор масъалаҳо, ки метавонад ба рушди ҳамкориҳо ва ҳамлу нақл мусоидат кунад, мусоидат намояд
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сафари худ ба Теҳрон аз ҳамтои эронии худ хоҳиш кард, ки ба ҳалли баъзе масъалаҳо мусоидат намояд.
Вазири тоҷик аз ҷумла хоҳиш кардаст, ки мақомоти Эрон дар ташкили қатораи махсуси боркаши иборат аз вагонҳо-систернаҳо ҷиҳати самаранок амалӣ намудани ҳамлу нақл ба Тоҷикистон мусоидат намояд.
Ҳамчунин Тоҷикистон аз Эрон барои ҳалли масоили зерин дархости мусоидат кардааст:
бо ташкили режими махсус ва долони сабз таваҷҷуҳи афзалиятнок додан ба вагонҳои сӯзишворӣ барои Тоҷикистон ҳангоми ҳаракати онҳо дар шабакаи роҳи оҳани Эрон;
пешниҳоди имтиёзҳо дар шартномаи консессионӣ барои сохтмон, истифода ва баргардонидани иншоот ҷиҳати таъсис ва оғози фаъолияти маркази логистикии "Тоҷикистон" дар бандари "Чобаҳор";
рафъи мушкилоти воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон ҳангоми ҳаракат дар қаламрави Эрон, ки ба рухсатномаҳои истифоданашуда барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва миқдори зарурии сӯзишворӣ дар зарфҳои мошин марбутанд;
ворид намудани тахфифҳо ба хизматрасониҳои заминӣ, навигатсионӣ ва таъминоти сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Эрон, инчунин дар бимакунии парвозҳои ширкати "Сомон Эйр", ки қарор додааст парвозҳои ҳавопаймоиро ба самти Эрон оғоз кунад.
Қайд карда шудааст, ки вазири нақлиёти кишвар дар Теҳрон бо ҳамтои эрониаш ҳамчунин масъалаи таъсиси долони нави логистикии "Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон – Чин" матраҳ кардааст.
Таъкид шудааст, ки дар доираи ин хатсайр лоиҳаи бунёди роҳи оҳан низ пешбинӣ шудааст, ки он маблағгузории зиёдро талаб мекунад.
Ҳиндустон захираҳои тиллоро аз дигар кишварҳо хориҷ мекунад

Ҳиндустон захираҳои тиллоро аз дигар кишварҳо хориҷ мекунад..

Дар байни Солҳои 2023 ва 2025, Ҳиндустон 100 тонна тиллоро аз Бритоние баровардааст. Ҳиндустон ба...

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД..

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД...

Арабистони саудӣ нархи Нафтро Барои Осие боло бурд

Арабистони саудӣ нархи Нафтро Барои Осие боло бурд..

Қатъи содироти нафт аз халиҷи Форс тавассути ағбаи Ормуз ба норасоии ашеи хом оварда расонд. Ва барои ӯ...

Абдуллоев Умедҷон, сокини 39-солаи ноҳияи Вахш, дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ ва ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешавад.

Абдуллоев Умедҷон, сокини 39-солаи ноҳияи Вахш, дар содир намудани..

Абдуллоев Умедҷон, сокини 39-солаи ноҳияи Вахш, дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ ва ташкили...

Дар асоси муроҷиатҳо ва наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони бозрасии милитсияи пойтахт ҳамарӯза шумораи зиёди қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта мешаванд.

Дар асоси муроҷиатҳо ва наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон, аз ҷониби..

Дар асоси муроҷиатҳо ва наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони бозрасии милитсияи...

Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ — ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!

Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ — ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!..

Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ — ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!...

Комментарии (0)