Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Ду медали биринҷӣ ва роҳхат ба даври финалӣ: дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Ду медали биринҷӣ ва роҳхат ба даври финалӣ: дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Улан-Батор (Муғулистон) ҷараён дорад, мунтахаби муштзанони Тоҷикистон ба дарёфти ду медали биринҷӣ даст ёфта, инчунин як узви даста ба даври финалии рақобатҳо роҳ ёфт.

Узви дастаи ҷумҳурӣ Мижгона Самадова дар вазни 57 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Дар даври чаҳорякфиналӣ ӯ бар намояндаи дастаи мизбон (Муғулистон) Номин Эрдене Тугжарал дастболо шуда, дар даври нимфиналӣ аз варзишгари Тайиланд Пунрави Руэнрос шикаст хӯрд ва ба медали биринҷӣ соҳиб шуд.

Ин медал брои Мижгона медали дуюм дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аст. Бори нахуст ӯ соли 2021 дар Дубай ба ин комёбӣ ноил гардида буд.

Мусобиқоти қаҳрамонӣ (чемпионат)-и қораи Осиё дар Муғулистон таҳти сарпарастии World Boxing зиёда аз 230 варзишгарро аз 26 кишвари саросари дунё гирдиҳам овард.

Ба ҷуз Мижгона Самадова, дигар намояндагони тими Тоҷикистон Некрӯз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов (90 кг) низ ба даври нимфиналӣ роҳ ёфта, Салимов низ боз ба дарёфти як медали биринҷӣ барои даста ноил гардид, ки аввалин медали муштзани тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии маҳсуб меёбад.

Дар вазни 90 кг Парвиз Каримов дар рақобат бо намояндаи Ҳиндустон Харш Чоудхари дастболо шуда, ба даври финалӣ роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ рӯзи 10 апрел ӯ бо намояндаи Ӯзбекистон Ҳалимҷон Мамасолиев барои дарёфти медали тилло рақобат мекунад.

Барои худи Каримов ин аллакай имкони дуюм барои ғолиб омадан дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аст. Соли 2024 дар Тайиланд ӯ медали нуқраи ин мусобиқотро ба даст оварда буд. Акнун имкон дорад, ки боз як қадам пеш гузошта, ба дарёфти унвони қаҳрамони Осиё даст ёбад.

Фьюри, изҳор дошт, ки мубориза бо Еҳушаъ нест баргузор мегардад

Фьюри, изҳор дошт, ки мубориза бо Еҳушаъ нест баргузор мегардад..

Чемпиони дукаратаи ҷаҳон Дар вазни вазнин, бритониеӣ Тайсон Фюри дар бораи мубориза бо ҳамватани Худ...

Пратес: Ман сахттарин муборизаи ҳаётамро ба Махачев медиҳам

Пратес: Ман сахттарин муборизаи ҳаётамро ба Махачев медиҳам..

Карлос Пратес, муштзани бразилии UFC, дар бораи муборизаи интизори худ бо қаҳрамони кунунии муштзанӣ...

Неймар Аз Робиньои хурдӣ пас аз ҷанҷол дар машқ узр пурсид

Неймар Аз Робиньои хурдӣ пас аз ҷанҷол дар машқ узр пурсид..

Ҳамлагари "Сантос" Неймар пас аз хабари бархӯрд бо писари 18-солаи Робиньо ҳангоми машқҳои...

Царукян: Усмон Нурмагомедов қариб ҳамаро дар дивизиони мо мағлуб мекунад

Царукян: Усмон Нурмагомедов қариб ҳамаро дар дивизиони мо мағлуб..

Муборизи рус Арман Царукян дар БОРАИ гузариши Ҳамватани Худ Усмон Нурмагомедов ба UFC изҳори назар...

Дар Нидерландия гуфтанд, ки бозигарони дастаи мунтахаб пас аз баромадан аз ҶОМИ ҶАҲОН-2026 ба нажодпарастӣ дучор шуданд

Дар Нидерландия гуфтанд, ки бозигарони дастаи мунтахаб пас аз..

Ассотсиатсияи футболи шоҳии Нидерландия (KNVB) изҳор дошт, ки бозигарони даста пас аз баромадан аз...

Усейн Болт пас аз 13 соли муносибат ба дӯстдухтари худ пешниҳод кард

Усейн Болт пас аз 13 соли муносибат ба дӯстдухтари худ пешниҳод кард..

Қаҳрамони ҳашткаратаи олимпӣ Усэйн Болт Ба дӯстдухтари Худ Каси Беннет пешниҳод кард....

Комментарии (0)