Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар Тоҷикистон 10 рӯз пайи ҳам истироҳат аст, нархи чиптаи ҳавобаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд – Душанбе ба таври чашмрас боло рафтааст: ҳоло қимати як сафар аз 633 то 1677 сомонӣ аст. Ин ҷаҳиши нарх сокинони кишварро хеле нигарон кардааст.

“Дар охири феврал мо чиптаи Хуҷанд - Душанбе - Хуҷандро қариб ба 650 сомонӣ харидем. Аммо ҳафтаи гузашта чиптаи Душанбе - Хуҷанд барои рӯзи 21-уми март зиёда аз 700 сомонӣ шуд. Чиптаи Хуҷанд - Душанбе барои 24-25-уми март бошад, аллакай, аз 1000 сомонӣ болост”, - гуфт яке аз хонандагони “Азия-Плюс”.

Шаҳрвандони дигар низ аз гаронии чипта норозӣ ҳастанд, зеро ҳангоми банақшагирии сафар ба маблағи дигаре ҳисоб карда буданд.

“Мехостам ба Хуҷанд, пеши хешу ақрабоям равам. Одатан чиптаи яктарафа аз 400 сомонӣ гаронтар набуд, аммо дирӯз нархҳоро нигоҳ кардам - ҳоло аз 500 то 700 сомонӣ. Маҷбурам бештар аз он чи ки ният доштам, харҷ кунам”, - гуфт хонандаи дигари мо субҳи имрӯз.

Somon Air тавозуни нархи чиптаҳоро нигоҳ доштааст

Дар сомонаи Somon Air чиптаи яктарафаи Душанбе - Хуҷанд барои рӯзи 18-уми март аз 660 сомониву 95 дирам навишта шудааст. Барои апрел ҷадвали парвозҳо ҳанӯз нашр нашудааст, аммо барои охири март нархҳо бетағйир будааст.

Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши билети ҳавопаймо дар Душанбе субҳи 18-уми март ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки тарифе, ки барои 27-уми март пештар 467 сомонӣ буд, ҳоло 567 сомонӣ шудааст. Тарифи дигаре, ки пештар 600 сомонӣ буд, акнун 700 сомонӣ аст.

Тавзеҳ доданд, ки нархи тарифҳо аз рӯзи баста шудани бахшҳои роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанак баланд шудааст.

Дар айни замон, ширкати ҳавопаймоии Somon Air мегӯяд, ки дар семоҳаи охир тарифҳои асосӣ ба ин самт тағйир наёфтаанд.

“Нархҳо аз 422,90 сомонӣ то 700,90 сомонӣ мебошанд. Ҳар чи ба рӯзи парвоз наздик мешавем, нархҳо мутаносибан меафзоянд. Дар айни замон Somon Air кӯшиш мекунад, ки парвозҳои Душанбе - Хуҷандро ҳар рӯз, дар доираи имкон, гузорад”, - тавзеҳ доданд дар ширкат.

Дар Aviasales нарх аз 633 то 1 677 сомонӣ​​​​​​​

Барои муқоиса, мо ба сомонаи чиптаҳои арзон – Aviasales назар кардем, вале нарх дар ин ҷо ба таври назаррас фарқкунанда аст.

Мо нархи чиптаи яктарафаи самти Душанбе – Хуҷандро дар соати 16:40-и 18-уми март дидем: аз 18 то 31-уми март нарх аз 633 то 1 677 сомонӣ аст. Ин рақамҳо метавонад ҳар лаҳза иваз шавад.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳои энергетикӣ ва лоиҳаи CASA-1000-ро баррасӣ карданд

Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳои энергетикӣ ва лоиҳаи CASA-1000-ро..

Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Қирғизистон сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро...

Истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли дар панҷ соли ахир 2,1 маротиба афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли дар панҷ соли ахир..

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир рушди устувор ва назаррасро нишон додааст...

Дар Аврупо нархи газ босуръат боло меравад

Дар Аврупо нархи газ босуръат боло меравад..

Сабаби ин хабарҳо дар он буд, ки ҳуситҳо дар баҳри Сурх назорат мекунанд....

Саноати Мошинсозии Аврупо аз Ҳисоби Боҷи Трамп беш аз 8 миллиард евро аз даст дод

Саноати Мошинсозии Аврупо аз Ҳисоби Боҷи Трамп беш аз 8 миллиард евро..

Зарари ширкати Volkswagen 3,6 миллиард еврооро ташкил дод. Истеҳсолкунандагони мошинҳои аврупоӣ аз...

Раҳмон сохтмони бузургтарин корхонаи полоиши нафт дар Осиёи Марказиро зарур донист

Раҳмон сохтмони бузургтарин корхонаи полоиши нафт дар Осиёи Марказиро..

Раиҳбари Тоҷикистон дар Туркманистон гуфт, ки ба хотири таъмини ниёзҳои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ...

Рушди чашмгир: Тиҷорати Тоҷикистону Русия аз аввали сол 21% афзудааст

Рушди чашмгир: Тиҷорати Тоҷикистону Русия аз аввали сол 21% афзудааст..

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 39,5% ё 3138,4 млн доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои...

Комментарии (0)