Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

"Як моҳ пеш ба Русия рафта буд." Ҷавони кушташудаи тоҷик дар Нижнекамск кист?

"Як моҳ пеш ба Русия рафта буд." Ҷавони кушташудаи тоҷик дар Нижнекамск кист?

Радиои Озодӣ дар бораи Рамазоналӣ Басиров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамск дар Тотористони Русия кушта шуд, маълумоти бештар ба даст овард.

Як намояндаи ҷомеаи тоҷикон дар Нижнекамск, ки бо далелҳои амниятӣ номаш фош намешавад, рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "Рамазоналӣ Басиров ҳамагӣ як моҳ пеш барои кор ба Русия омада буд".

Басиров 30 сол дошта, аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст. Аз ӯ ду кӯдак ятим монд.

"Рамазоналӣ дар ширкати туркии "Ямата" кор мекард. Ин ширкат дар Нижнекамск корхонаи кимиёӣ месозад. Коргарон дар хобгоҳ ё ҳостел мезистанд," - афзуд мусоҳиби мо.

Дар иҷозатномаи кор ё патенти муҳоҷири тоҷик, ки Радиои Озодӣ нусхаашро дастрас кард, шуғли Рамазоналӣ Басиров ронандаи мошини борбардор (кран) зикр шудааст.

Ҷасади ӯро 13-уми август ба воситаи шаҳри Қазон ба Хуҷанд меоранд. Намояндагони мақомот дар Тоҷикистон ба хонаводаи Басиров хабари маргашро расондаанд.

"Ширкати корфармо ва ҳукумати Тотористон ваъда доданд, ки хароҷоти фиристодани ҷасадро пардохт мекунанд ва ҳамчунин ба хонаводаи ин ҷавон ҷубронпулӣ медиҳанд," - афзуд намояндаи ҷомеаи тоҷикони Нижнекамск.

Ӯ мегӯяд, тибқи иттилои онҳо як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ин ҳамла зарар дидааст. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ ё инкор карда наметавонад.

 Манбаъ: радио Озоди

Шумори тоҷикони осебдида дар ҳамлаи паҳподӣ ба Тотористон зиёд шуд

Шумори тоҷикони осебдида дар ҳамлаи паҳподӣ ба Тотористон зиёд шуд..

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, тибқи маълумоти ҷадид дар ҳамлаи паҳподии Украина ба Тотористон...

Қотил ва рақиб

Қотил ва рақиб..

17 август Unitree robotics-и чин дар Weibo видеои сӣ сонияро бо номи чаожэнь, Яъне Супермен ҷойгир...

Сатҳи фавт Дар Белгия аз сабаби гармӣ баландтарин Дар Аврупо гардид

Сатҳи фавт Дар Белгия аз сабаби гармӣ баландтарин Дар Аврупо гардид..

Гармии ғайримуқаррарӣ Аз 18 июн то 3 июл Дар Белгия шумораи зиеди маргҳоро нисбат ба Ҳама Ҷойҳои Аврупо...

Чор нафар пас аз марги як духтари семоҳа дар кемпинг боздошт шуданд

Чор нафар пас аз марги як духтари семоҳа дар кемпинг боздошт шуданд..

Дар ҷои марги кӯдак боқимондаҳои хаймаи сӯхта, партовҳо ва ашеи кӯдакон ефт шуданд....

890 муроҷиат дар бораи бонкҳои Тоҷикистон, аксараш аз "Душанбе Сити"

890 муроҷиат дар бораи бонкҳои Тоҷикистон, аксараш аз "Душанбе..

Сатҳу сифати хидматрасониҳои бонки "Душанбе Сити" , ки сокинони зиёде муштарияш ҳастанд ва...

Дар Натиҷаи обхезии Шадид Дар Чин на камтар аз 25 нафар кушта шуданд

Дар Натиҷаи обхезии Шадид Дар Чин на камтар аз 25 нафар кушта шуданд..

Обхезии шадид дар Минтақаҳои Марказӣ ва ҷанубу ғарбии Чин ҳадди аққал 25 нафарро кушт. Наҷотдиҳандагон...

Комментарии (0)