Радиои Озодӣ дар бораи Рамазоналӣ Басиров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамск дар Тотористони Русия кушта шуд, маълумоти бештар ба даст овард.
Як намояндаи ҷомеаи тоҷикон дар Нижнекамск, ки бо далелҳои амниятӣ номаш фош намешавад, рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "Рамазоналӣ Басиров ҳамагӣ як моҳ пеш барои кор ба Русия омада буд".
Басиров 30 сол дошта, аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст. Аз ӯ ду кӯдак ятим монд.
"Рамазоналӣ дар ширкати туркии "Ямата" кор мекард. Ин ширкат дар Нижнекамск корхонаи кимиёӣ месозад. Коргарон дар хобгоҳ ё ҳостел мезистанд," - афзуд мусоҳиби мо.
Дар иҷозатномаи кор ё патенти муҳоҷири тоҷик, ки Радиои Озодӣ нусхаашро дастрас кард, шуғли Рамазоналӣ Басиров ронандаи мошини борбардор (кран) зикр шудааст.
Ҷасади ӯро 13-уми август ба воситаи шаҳри Қазон ба Хуҷанд меоранд. Намояндагони мақомот дар Тоҷикистон ба хонаводаи Басиров хабари маргашро расондаанд.
"Ширкати корфармо ва ҳукумати Тотористон ваъда доданд, ки хароҷоти фиристодани ҷасадро пардохт мекунанд ва ҳамчунин ба хонаводаи ин ҷавон ҷубронпулӣ медиҳанд," - афзуд намояндаи ҷомеаи тоҷикони Нижнекамск.
Ӯ мегӯяд, тибқи иттилои онҳо як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ин ҳамла зарар дидааст. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ ё инкор карда наметавонад.
Манбаъ: радио Озоди