Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Афғонистон содироти гӯшти гӯсфандро ба Тоҷикистон оғоз кард

Афғонистон содироти гӯшти гӯсфандро ба Тоҷикистон оғоз кард
Ҳукумати феълии Афғонистон эълон карданд, ки содироти гӯшти гӯсфанд аз вилояти Балх ба бархе аз кишварҳои Осиёи Миёна оғоз кардааст
ДУШАНБЕ, 3авг – Sputnik. Мақомоти вилояти Балхи Афғонистон эълон кардааст, ки содироти мунтазами гӯшти гӯсфанд ба Узбекистон ва Тоҷикистонро оғоз кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Мақомоти ин вилояти Афғонистон хабар додаанд, ки тақрибан 30 ҳазор сар гӯсфанди забҳшуда пас аз муоинаи тиббӣ ва риояи меъёрҳои тиббӣ ҳар моҳ ба ин кишварҳо содир карда мешавад.
“Ин раванд инчунин ба рушди чорводорӣ ва эҷоди садҳо ҷойҳои корӣ мусоидат кардааст”, - қайд кардаанд мақомоти Балх.
Хабаргузории “Парстудей” хабар додааст, ки қариб ду моҳ аст, ки ин раванд идома дорад ва ҳайвонот пеш аз забҳ аз ҷониби байторон муоина карда мешаванд.
Ба гуфтаи мақомоти Балх, онҳо барои ҳифзи саршумори чорво, забҳи гӯсфандони мода ва зотҳои арзишманд пешгирӣ карда мешавад.
Дар баробари густариши содирот, шумораи кормандони қассобхона ба тақрибан 200 нафар расидааст ва фаъолиятҳо дар шӯъбаҳои забҳ, бастабандӣ, нигоҳдории дар сардхонаҳо, интиқол ва назорати сифат афзоиш ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Тоҷкистон эълон кард, ки дар кишвар истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 ба маротиб афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои агентии омори Тоҷикистон дар кишвар истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 беш аз 10% ва саршумори чорво дар кишвар беш аз 11% афзоиш ёфт.
Ба иттилои агентии омори Тоҷикистон дар моҳҳои январ–июни соли 2026 истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, бо назардошти гӯшти мурғ, дар ҷумҳурӣ тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, ба беш аз 41 ҳазор тонна расид.
Тибқи иттилои Агентӣ, то 1 июли соли 2026 саршумори чорвои калони шохдор ба 3 миллиону 97 ҳазору 900 сар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 246 ҳазору 300 сар ё 8,6% зиёд шудааст.
Ҳамзамон, саршумори гӯсфанду буз 8 миллиону 352 ҳазору 600 сарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 875 ҳазору 700 сар ё 11,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар Маскав аз сабаби норасоии бензин навбатҳои сӯзишворӣ ба вуҷуд омаданд

Дар Маскав аз сабаби норасоии бензин навбатҳои сӯзишворӣ ба вуҷуд..

Дар Маскав ронандагон соатҳо дар истгоҳҳои сӯзишворӣ дар ҳолати норасоии бензин дар навбат меистанд....

Риояи қоидаҳои санитарию экологӣ ҳангоми анҷом додани корҳои сохтмонӣ ҳатмӣ ба ҳисоб меравад.

Риояи қоидаҳои санитарию экологӣ ҳангоми анҷом додани корҳои сохтмонӣ..

Риояи қоидаҳои санитарию экологӣ ҳангоми анҷом додани корҳои сохтмонӣ ҳатмӣ ба ҳисоб меравад....

Кувайт ба Тоҷикистон 19 миллион доллар қарз медиҳад

Кувайт ба Тоҷикистон 19 миллион доллар қарз медиҳад..

Тоҷикистон барои бунёди даҳ мактаби нав, аз Бунёди Кувайт барои рушд 19,2 миллион доллар вом ё қарз...

Барои худсарона ва беасос баланд бардоштани нархи маҳсулот, фиреби истеъмолкунандагон ва начаспонидани нархномаҳо ба молу маҳсулоти ба фурӯш баровардашуда ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Барои худсарона ва беасос баланд бардоштани нархи маҳсулот, фиреби..

Барои худсарона ва беасос баланд бардоштани нархи маҳсулот, фиреби истеъмолкунандагон ва начаспонидани...

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?..

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар Тоҷикистон 10 рӯз пайи ҳам истироҳат аст, нархи чиптаи...

Комментарии (0)