Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Раҳмон бо Бердимухамедов масоили энергетикаю маводи сухтро баррасӣ кард

Раҳмон бо Бердимухамедов масоили энергетикаю маводи сухтро баррасӣ кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои туркманаш рушди устувори муносибатҳо байни ду кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 окт - Sputnik.Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора Хадамоти матботи раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар кишвардори Тоҷикистон бо президенти Туркманистон рушди устувори муносибатҳои байни ду кишварро, ки ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷонибро фаро мегиранд, баррасӣ кард.
“Сарони ҳарду давлат ба пешбурди минбаъдаи ин раванд дар рӯҳияи шарикии амиқи стратегӣ изҳори алоқамандӣ карданд”, - қайд намудааст манбаъ.
Ҳамзамон гуфтугӯи созанда дар бораи доираи васеи масъалаҳои марбут ба муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию логистикӣ, транзитӣ ва дар бахши энергетикаю маводи сухт сурат гирифт.
Масъалаҳои вобаста ба робитаҳои фарҳангию башарӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи ду роҳбар қарор гирифтааст.
Хадамоти матбоут илова кардааст, ки сарони ду кишвар дар бораи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон озоми Туркманистон шуд.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми сарвазири кишвар, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти дар умури масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва чорабиниҳои марбут ба он 8–9 октябри соли 2026 дар Туркманистон (дар минтақаи сайёҳии "Аваза" дар соҳили баҳри Каспий) таҳти раёсати президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов баргузор мешаванд. Ҳамчунин дар ин минтақа вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор мегардад.
Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд роҳбарони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов иштирок доранд.
Дар доираи вохӯрӣ сарони давлатҳо масъалаҳои муҳими таҳкими робитаҳои минтақавиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар Олмон дар Соли 2025 қариб 190 ҳазор ширкат баста шуданд

Дар Олмон дар Соли 2025 қариб 190 ҳазор ширкат баста шуданд..

Дар Олмон Дар Соли 2025 187,744 ширкат баста шуданд, ки ин баландтарин дар тақрибан 20 сол буд. Дар ин...

Дар Аврупо нархи газ босуръат боло меравад

Дар Аврупо нархи газ босуръат боло меравад..

Сабаби ин хабарҳо дар он буд, ки ҳуситҳо дар баҳри Сурх назорат мекунанд....

Қотил ва рақиб

Қотил ва рақиб..

17 август Unitree robotics-и чин дар Weibo видеои сӣ сонияро бо номи чаожэнь, Яъне Супермен ҷойгир...

Раҳмон бо Бердимухамедов масоили энергетикаю маводи сухтро баррасӣ кард

Раҳмон бо Бердимухамедов масоили энергетикаю маводи сухтро баррасӣ..

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои туркманаш рушди устувори муносибатҳо байни ду кишварро баррасӣ кард...

Кувайт ба Тоҷикистон 19 миллион доллар қарз медиҳад

Кувайт ба Тоҷикистон 19 миллион доллар қарз медиҳад..

Тоҷикистон барои бунёди даҳ мактаби нав, аз Бунёди Кувайт барои рушд 19,2 миллион доллар вом ё қарз...

Тоҷикистон аз Кореяи Шимолӣ ёрии башардӯстона гирифтааст

Тоҷикистон аз Кореяи Шимолӣ ёрии башардӯстона гирифтааст..

Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон аз 19 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла аз Кореяи Шимолӣ ёриҳои...

Комментарии (0)