Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Дархости Раҳмон аз Тоқаев барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон

Дархости Раҳмон аз Тоқаев барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон
Роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон дар дидор аз суръати баланди афзоиши гардиши тиҷорати дуҷониба дар нимаи аввали соли равон таъкид карданд
Тоҷикистон ният дорад хариди маҳсулоти нафтиро аз Қазоқистон ба маротиб афзоиш диҳад.
Ин масъала дар мулоқоти ахири раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомоалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқаш Қосим-Жомарт Токаев дар шаҳри Осотона баррасӣ шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст. 
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" вориди пойтахти Қазоқистон шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар дидору мулоқоти роҳбарони ду кишвар дар шаҳри Остона вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд.
“Ҳарду ҷониб аз динамикаи мусбати ҳамкорӣ қариб дар ҳама соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид”, - қайд кардааст Хадамоти матбуот.
Таъкид шудааст, ки бо назардошти вазъи кунунии бозорҳои энергетикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷонибҳо афзоиши минбаъдаи содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистонро ба бозори Тоҷикистон баррасӣ карданд. 
Ҳамчунин тарафҳо ба афзоиши тиҷорати дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ба бахшҳои фарҳангию башарӣ ҷонибҳо алоқамандии худро ба тақвияти раванди мубодилаи эҷодӣ, таълимӣ ва академӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳор доштанд.
Роҳбарони ду кишвар аз суръати баланди афзоиши гардиши тиҷорати дуҷониба дар нимаи аввали соли равон таъкид карданд.
Дар ин дидор ҳамкории бисёрҷониба дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат ба масъулинро вазифадор намуд, ки бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи маводи сӯхт ва барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.
Раисҷумҳур ҳамчунин дастур ба масъулин дастур додааст, ки вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил намоянд.
Роҳбарони Кишварҳои Осиеи Марказӣ Аз 14 то 16 сентябр Барои иштирок Дар саммити "Кореяи Ҷанубӣ – Осиеи Марказӣ" Ба Сеул ташриф меоранд

Роҳбарони Кишварҳои Осиеи Марказӣ Аз 14 то 16 сентябр Барои иштирок..

Президенти Кореяи Ҷанубӣ Ли Чже Мен рӯзи ҷумъа гуфт, ки ҳафтаи оянда нахустин ҳамоиши "Кореяи...

Ҳалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар садамае дар Дарвоз

Ҳалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар садамае дар Дарвоз..

Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар садама ё тасодуфи нақлиётӣ дар ҳудуди...

Қазоқистон ҷалби худро ба ҷанги эрон истисно намекунад ва НЕРӮҲОИ баҳрии худро омода мекунад

Қазоқистон ҷалби худро ба ҷанги эрон истисно намекунад ва НЕРӮҲОИ..

Қазоқистон ҷалби худро ба ҷанги эрон истисно намекунад ва НЕРӮҲОИ баҳрии худро омода мекунад Қазоқистон...

ИМА аз Исроил хоҳиш кард ки ба маҷмааи энергетикии Эрон ҳамла накунад

ИМА аз Исроил хоҳиш кард ки ба маҷмааи энергетикии Эрон ҳамла накунад..

Сабаби муроҷиат хоҳиши маъмурияти амрико барои таъмини дастрасӣ ба захираҳои нафти эрон пас аз анҷоми...

Дастури Раҳмон барои суръат бахшидани рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ

Дастури Раҳмон барои суръат бахшидани рақамикунонии пурраи..

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мақомдорон барои суръат бахшидани Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои...

Комментарии (0)