Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Чеҳраҳои шинохта шомили қонуни афв нашуданд

Чеҳраҳои шинохта шомили қонуни афв нашуданд

Манбаъҳои огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қонуни нави афв дар Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳе аз сиёсатмадорону мансабдорони собиқ, ки соли 2025 дар доираи парвандаи “табаддулот” зиндонӣ шудаанд, татбиқ нагардид.

Хешовандони ҳадди ақал се нафар аз ин шахсиятҳо низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар парвандаи ин афрод банди 306-и Кодекси ҷиноӣ ё талоши ғасби қудрат ҷой дорад ва ин иттиҳом шомили афв намешавад.

Пайвандони яке аз зиндониён рӯзи 24-уми июн бо шарти фош нашудани ном гуфт, "қабл аз эълони афв мақомот ба зиндон рафта, шахсони аз 55-сола болоро барои озод кардан номнавис карданд. Аксар маҳкумшудагон дар доираи парвандаи “табаддулот” низ аз 60-сола боло ҳастанд ва мунтазир буданд, ки онҳо низ раҳо хоҳанд шуд. Аммо ба сабаби ҷой доштани иттиҳоми талоши ғасби қудрат дар парвандаашон, онҳоро озод накарданд."

Дар ин миён танҳо рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова барои зан буданаш шомили қонуни афв шуд ва се сол ҳукми ӯро кам карданд.

Гурӯҳи иборат аз сиёсатмадорону мансабдорони пешин, аз ҷумла Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Абдулфайз Атоӣ, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва ду афсари собиқи амният моҳи феврали соли 2025 бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “кӯшиши табаддулот” аз 8 то 27 сол зиндонӣ шуданд. Худашон ин ҳукмро беасос дониста, аз мақомот хостанд, ки онро бознигарӣ ва қарори мусодираи амволро бекор кунанд. Чизе, ки додгоҳ напазируфт ва ҳам далелашро ба ҷомеа нагуфт.

Манбаъ: сомонаи "Радиои Озоди"

Коршинос: Роҳбари Амнияти Миллӣ Трампро бо эътирофи Худ Дар Конгресси Эрон ғарқ мекунад

Коршинос: Роҳбари Амнияти Миллӣ Трампро бо эътирофи Худ Дар Конгресси..

Директори иктишофии Миллии ИМА (аз ҷониби ҷомеаи иктишофии амрико назорат карда мешавад) Тулси Габбард...

Чеҳраҳои шинохта шомили қонуни афв нашуданд

Чеҳраҳои шинохта шомили қонуни афв нашуданд..

Манбаъҳои огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қонуни нави афв дар Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳе аз...

Раиси ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ Эрон Аракчи ба Петербург омад

Раиси ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ Эрон Аракчи ба Петербург омад..

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Аракчӣ бо сафар ба Санкт-Петербург барои мулоқот бо президенти Русия...

Русия қоидаҳои нав барои фарзандони муҳоҷироне, ки ба синни болиғ расидаанд, ҷорӣ кард

Русия қоидаҳои нав барои фарзандони муҳоҷироне, ки ба синни болиғ..

Русия равиши худро ба сиёсати муҳоҷират тағйир медиҳад: қонуни наве, ки аз ҷониби президент имзо...

Тиҷорати Тоҷикистону Чин ба марзи 3 миллиард доллар расидааст

Тиҷорати Тоҷикистону Чин ба марзи 3 миллиард доллар расидааст..

Рӯзи 18-уми сентябр мақомоти Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорат байни ду кишварро баррасӣ...

Агентҳои ICE ҳангоми боздошт дар Ню Йорк як муҳоҷирро паррондаанд.

Агентҳои ICE ҳангоми боздошт дар Ню Йорк як муҳоҷирро паррондаанд...

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми нишастани кӯдак дар курсии қафо ба мошини мард оташ кушоданд....

Комментарии (0)