Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

ДОДУГИРИФТИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХАЛИҶИ ФОРС ДАР ПАНҶ СОЛ БЕШ АЗ 5 БАРОБАР АФЗУДААСТ

ДОДУГИРИФТИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХАЛИҶИ ФОРС ДАР ПАНҶ СОЛ БЕШ АЗ 5 БАРОБАР АФЗУДААСТ
ДОДУГИРИФТИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХАЛИҶИ ФОРС ДАР ПАНҶ СОЛ БЕШ АЗ 5 БАРОБАР АФЗУДААСТ
Муомилоти молӣ дар 5 сол аз 20 млн то 107 млн доллар зиёд шудааст, ки қисми асосии онро воридот ба Тоҷикистон ташкил медиҳад.
 asia+
Дар соли 2025 гардиши савдои Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷи Форс ба 107 миллион доллар расидааст. Ин дар ҳоле, ки соли 2020 ин нишондиҳанда 20 миллион доллар буд. Ин маълумот дар таҳлили Бонки авруосиёии рушд (БАОР) зикр шудааст, ки рӯзи 10-уми ноябр нашр шуд.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон аз ин давлатҳо, асосан автомобил, таҷҳизот ва маҳсулоти кимиёвӣ ворид мекунад. Содироти Тоҷикистон камтар буда, асосан, аз фулузот (металлҳо) ва маҳсулоти маҷмааи кишоварзиву саноатӣ иборат аст.
Таҳлили мазкур робитаи панҷ кишвари Осиёи Марказиро бо шаш давлати Халиҷ — Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувейт, Умон ва Баҳрайн фаро мегирад.
Гардиши умумии мол байни минтақаҳо дар солҳои 2020–2025, қариб 4 баробар афзуда, аз 1 миллиард доллар то 3,9 миллиард доллар расидааст. Тақрибан 94% савдо аз ҷониби кишварҳои Халиҷ ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва тақрибан 85% савдо аз ҷониби Осиёи Марказӣ – ба Ӯзбекистон ва Туркманистон рост меояд.
♦️Сармоягузориҳои кишварҳои Халиҷи Форс бештар ба куҷо равона мешаванд?
Дар ин давра сармоягузориҳои мустақими ҷамъшудаи давлатҳои Халиҷ дар Осиёи Марказӣ, 3,4 баробар афзуда, аз 9,1 миллиард доллари ИМА дар соли 2020 то 31,1 миллиард доллар дар миёнаи соли 2026 расиданд.
Туркманистон ҳамоно бузургтарин гирандаи сармоягузорӣ боқӣ мемонад: 14,4 миллиард доллар. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон беш аз 25 баробар афзуда, ба 11,3 миллиард доллар расид. Дар Қазоқистон ин нишондиҳанда 5,3 миллиард долларро ташкил дод.
Дар байни сармоягузорон Амороти Муттаҳидаи Арабӣ пешсаф аст: ба ин кишвар 20,6 миллиард доллар ё 66%-и сандуқи сармоягузории давлатҳои Халиҷ дар минтақа рост меояд. Ҳаҷми сармоягузориҳои ҷамъшудаи Арабистони Саудӣ тақрибан ба 6,5 миллиард доллар ва Қатар ба 3,1 миллиард доллар расидааст.
Ҳиссаи соҳаи энерҷӣ дар сандуқи сармоягузорӣ аз 2 то 34% афзуд ва ҳаҷми сармоягузорӣ ба ин соҳа ба 10,5 миллиард доллар расидааст. Афзоиши асосиро лоиҳаҳои бузурги энергетикаи офтобӣ ва бодӣ, пеш аз ҳама дар Ӯзбекистон, таъмин мекунанд.
♦️Монеаҳо дар роҳи густариши тиҷорат
Таҳлилгарони БАОР, аз ҷумлаи монеаҳои густариши тиҷорат хароҷоти баланди нақлиётро ном мебаранд. Набудани роҳи мустақими кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бандарҳои баҳрии Халиҷ интиқоли борро мушкил карда, арзиш ва муҳлати расонидани онро зиёд мекунад.
Монеаҳои дигар, ин рушди нокифояи зерсохтори логистикӣ ва анборҳо, дастрасии маҳдуд ба маблағгузории тиҷорат ва камбудиҳои механизмҳои эътирофи мутақобилаи меъёрҳо (стандартҳо) мебошанд.
Ба минтақаи Халиҷи Форс, маъмулан шаш давлати арабиро дохил мекунанд, ки Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форсро ташкил медиҳанд: Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Уммон ва Арабистони Саудӣ
манба: asia+
Кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо гумони муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, Насруллои Мирзозода ва Насридинов Довудро дастгир намуданд.

Кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои..

Кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати ВКД дар шаҳри...

Парлумон созишнома бо Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро тасвиб кард

Парлумон созишнома бо Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи..

Тағйиротҳои ҷадид имкон медиҳанд, муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз вуруд ба Русия, дар қаламрави Тоҷикистон аз...

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ “ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ”, КИ МЕБОИСТ ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗ БАРГУЗОР МЕШУД, БА ТАЪХИР АФТОДААСТ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ “ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ”, КИ МЕБОИСТ ДАР..

Вале дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашн бо ҳузури раисҷумҳурҳои чанд кишвар дар Ӯзбекистон рӯнамоӣ мешавад....

Наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, дар он лаҳзаи муноқиша ва дағалгуфтории ронанда ва пулчини (кондуктори) воситаи нақлиёти мусофирбар бо шаҳрвандон инъикос ёфтаас

Наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, дар он лаҳзаи муноқиша..

Наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, дар он лаҳзаи муноқиша ва дағалгуфтории ронанда ва...

Раҳмон: Байни ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернетро баланд бардоред

Раҳмон: Байни ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернетро..

Президенти Тоҷикистон ба мақомдорон се моҳ муҳлат дод то миёни фарҳанги истифодаи шабакаи интернет,...

Гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ховалинг

Гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ховалинг..

Гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ховалинг...

Комментарии (0)