Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ “ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ”, КИ МЕБОИСТ ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗ БАРГУЗОР МЕШУД, БА ТАЪХИР АФТОДААСТ

НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ “ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ”, КИ МЕБОИСТ ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗ БАРГУЗОР МЕШУД, БА ТАЪХИР АФТОДААСТ
НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ “ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ”, КИ МЕБОИСТ ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗ БАРГУЗОР МЕШУД, БА ТАЪХИР АФТОДААСТ
Вале дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашн бо ҳузури раисҷумҳурҳои чанд кишвар дар Ӯзбекистон рӯнамоӣ мешавад.
-----
Муаллиф:Asia-Plus
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки гуфта мешуд, дар арафаи ҷашни Наврӯзи имсола баргузор шавад, то моҳи сентябр ба таъхир афтодааст Ин филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ду шоири шинохтаи асри 15 аст.
Файзулло Файз, коргардони тоҷикистонии филми мазкур имрӯз, 11-уми март ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гурӯҳи корӣ як моҳи охир ба омода кардани рӯнамоии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар ҳаҷми 15 дақиқа машғул аст.
“Охири моҳи март роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ҷашни Наврӯзро дар Ӯзбекистон якҷоя ҷашн мегиранд. Ба мо супориш шуд, ки дар ин ҷашн, филмро ба таври мухтасар, дар ҳаҷми 15 дақиқа рӯнамоӣ кунем. Як моҳ боз ба ин кор банд ҳастем”, - гуфт коргардон.
Ӯ афзуд, барои рӯнамоии мухтасар ба таври алоҳида филмнома навишта, пас аз мувофиқаи ҷонибҳо, ба кори буришу танзиму мусиқигузорӣ пардохтаанд.
Ба қавли коргардон, филм бидуни садогузорӣ танзим шуда, дар ҷараёни рӯнамоӣ, ровӣ забони русӣ зиндагиномаи ду шоир, ҷузъиёти филм ва раванди наворбардориро қисса мекунад.
Файзулло Файз гуфт, ки филми пурраи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар моҳи сентябр бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе бо забони тоҷикӣ нахустнамоиш мешавад. Дар Ӯзбекистон ҳам дар ҳамон шабу рӯз филми мазкур бо забони ӯзбекӣ манзури ҳаводорони синамо хоҳад шуд.
Пештар, Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбари “Тоҷикфилм” гуфта буд, ки филми Ҷомӣ ва Навоӣ дар моварои ҷашни Наврӯзи соли 2026 манзури тамошобинон гардад.
Ёдовар мешавем, ки наворбардории филми мазкур, 1-уми августи соли 2025 дар Душанбе оғоз шуда, рӯзи 5-уми феврал дар Тошканд ба поён расид. Аввали моҳи декабри соли гузашта Файзулло Файз ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки кори танзим аллакай оғоз шудаву онро коргоҳи хусусии “Tashkent video production” дар Ӯзбекистон ба зимма гирифтааст.
Ба гуфтаи Файзулло Файз, барои омодагӣ, таҳияи филмнома, дӯхти либосҳои таърихӣ, интихоби ҳунармандон ва дар кул фароҳам овардани муҳити асри XV-ум 6 сол вақт рафтааст.
Аммо аз оғози сабти филм он мавриди баҳси ҷомеа қарор гирифт: Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбари “Тоҷикфилм” ба нақши Ҷомӣ баргузида шуду дар пайи интиқоди ҷомеа ва бо дастури “боло” аз нақшофарӣ канор рафт ва Қурбони Собир, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик ба ҷойи ӯ интихоб шуд.
Баъдан Файзулло Файзов дар бораи бурду бохти сабти филм ва кор бо ҳунармандон бо “Азия-Плюс” суҳбат карда, ба чанд саволи дар бораи ин баҳсҳои бархеста ҳам посух гуфта буд.
Дертар “Азия-Плюс” бо Қурбони Собир, ҳунарпешаи нақши Ҷомӣ ҳам мусоҳиба ороста, ба саволҳои зиёди ҷомеа посух ҷуста буд. Ӯ дар ин гуфтугӯ дар бораи чӣ гуна ҷойгузиши нақши асосии филм шудан ва раванди сабту бархе мушкилоти онро ҳам ҳарф задааст.
Ду нафар ҳангоми тирпарронӣ дар Нитса кушта ва шаш нафар захмӣ шуданд

Ду нафар ҳангоми тирпарронӣ дар Нитса кушта ва шаш нафар захмӣ шуданд..

Тирпарронӣ дар майдони Амарилис дар Ноҳияи Мулен рух дод.Ду нафар дар натиҷаи тирпарронӣ дар шаҳри...

Ҳалокати 21 нафар дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон

Ҳалокати 21 нафар дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон..

Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар корхонаю идораҳои Тоҷикистон, ки дар пайи куштаву захмӣ дошт, мунҷар ба...

Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад

Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум,..

Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад...

Модар духтарашро аз балкони ошенаи 10-ум дар Наздикии Маскав партофт

Модар духтарашро аз балкони ошенаи 10-ум дар Наздикии Маскав партофт..

Духтар зинда монд, ӯро дар беморхона бистарӣ карданд....

Навори муноқишаи ду нафар ҷавон, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ ба миён омадааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон шудааст.

Навори муноқишаи ду нафар ҷавон, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ ба..

Навори муноқишаи ду нафар ҷавон, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ ба миён омадааст, дар шабакаҳои...

Фурудгоҳи Дубай аз сабаби вайрон шудани зарфи сӯзишвории БПЛА оташ гирифт, парвозҳо бекор карда шуданд

Фурудгоҳи Дубай аз сабаби вайрон шудани зарфи сӯзишвории БПЛА оташ..

Пожар возник в результате инцидента с БПЛА в районе аэропорта Дубая. Об этом сообщает ТАСС со ссылкой...

Комментарии (0)