Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Раҳмон: “Раванди Душанбе” ва “Раванди Ақаба” муқовимат ба таҳдидҳои нав шуда метавонад

Раҳмон: “Раванди Душанбе” ва “Раванди Ақаба” муқовимат ба таҳдидҳои нав шуда метавонад
Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар ҷаласаи “Раванди Ақаба” оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ суханронӣ намуд
Душанбе,6 ноя- Sputnik Дар Остона Раҳмон дар нишасти Раванди Ақаба ширкат дошт, ки он ба истифодаи зеҳни сунъӣ аз ҷониби ҷинояткорон ва афзоиши хатару таҳдидҳои амниятӣ бахшида шудааст.
Технологияи муосир тарзу усулҳои истеҳсолот, фазои интишор ва дарки иттилоотро торафт дигаргун месозад.Дар баробари он зеҳни сунъӣ хусусияти ҷинояткориро тағйир дода, хатару таҳдидҳои амниятиро ба вуҷуд меорад.
Дар ин замина имкони истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ ва тундгаро боиси нигаронӣ гаштааст.
Президенти кишвар гуфт: “Он ҳам боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир, хусусан силоҳи қатли ом истифода намоянд, ки хатарҳои ҷиддии амниятиро эҷод менамояд.Тоҷикистон ҷонибдори истифодаи масъулона, амн ва мақсадноки зеҳни сунъӣ бар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ мебошад”.
Дар ин самт бо ташаббуси Тоҷикистон дар СММ ду қатънома қабул шудааст.
Қатъномаи аввал ба мавзуи “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бахшида шудааст.
Он имкон медиҳад Маркази зеҳни сунъӣ дар Душанбе ҳамчун платформаи минтақавӣ барои рушди ҳамкорӣ дар самти таъмини амнияти зеҳни сунъӣ истифода шавад.
Чунин ҳамкорӣ метавонад, аз ҷумла омодасозии кадрҳои соҳаи амнияти зеҳни сунъӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба арзёбии хатарҳои марбут ба истифодаи он ва пешгирӣ аз таҳдидҳои кибериро фаро гирад.
Дар асоси қатъномаи дигар Маҷмаи Умумии СММ соли ҷорӣ 31-уми августро ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, амн ва боэътимод эълон кард.
“Мо ин ташаббусҳоро қадами муҳим дар рушди муколамаи байналмилалӣ ва ташаккули равишҳои муштарак дар истифодаи зеҳни сунъӣ дар асоси усулҳои амният, масъулияти муштарак ва эътимод арзёбӣ менамоем”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар гуфт ки имрӯз таҳдидҳои технологӣ, пеш аз ҳама, бо терроризми байналмилалӣ ва маблағгузории он пайванди мустақим доранд.
Изҳор гардид, ки муқовимат ба чунин таҳдидҳо, на танҳо тақвияти механизмҳои миллии амнияти киберӣ, балки таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла ҷиҳати мубодилаи фаврии иттилоотро низ тақозо менамояд.
Раҳмон таъкид кард:“Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ба минбари муҳими рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст.Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин раванд ҷонибдори муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ мебошад”.
Раҳмон ҳамкорӣ миёни “Раванди Душанбе” ва “Раванди Ақаба” метавонад ба табодули таҷрибаи амалӣ, таҳияи равишҳои муштарак ва тақвияти иқтидори давлатҳо дар муқовимат ба таҳдидҳои нав мусоидкунанда мешуморад.
Дар ин замина, зарур шумурда шуд, ки талошҳои муштарак дар ин раванд, пеш аз ҳама, ба чор самти асосӣ ва ҳадафманд, аз ҷумла ба тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти истифодаи бехатар ва масъулонаи зеҳни сунъӣ, пешгирӣ аз истифодаи он ба мақсадҳои террористӣ, равона карда шаванд.
Ҳамзамон, густариши ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои махсус ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар самти ошкор ва пешгирӣ кардани таҳдидҳои рақамӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва омодасозии мутахассисон, баланд бардоштани саводнокии рақамии ҷавонон ва пешгирӣ аз паҳншавии ғояҳои ифротӣ дар фазои иттилоотӣ амри муҳим дониста шуд
Дар асоси муроҷиат ва аксу наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони бозрасӣ, якчанд далели дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуданд.

Дар асоси муроҷиат ва аксу наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон, аз..

Дар асоси муроҷиат ва аксу наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони бозрасӣ, якчанд далели...

Зиеда аз 40 нафар пас АЗ ҲОДИСАИ ФАВҚУЛОДДА бо ҳавопаймо дар фурудгоҳи Ню Йорк дар беморхона бистарӣ шуданд

Зиеда аз 40 нафар пас АЗ ҲОДИСАИ ФАВҚУЛОДДА бо ҳавопаймо дар..

Ду нафар кушта шуданд ва 41 нафар пас аз бархӯрди ҳавопаймо ва мошини оташнишонӣ дар фурудгоҳи...

Талаби як мансабдори ВКД аз маъмурони милиса- Бо мардум дағалӣ накунед.

Талаби як мансабдори ВКД аз маъмурони милиса- Бо мардум дағалӣ..

Як мансабдори баландпояи Вазорати корҳои дохилӣ аз маъмурони милиса ва нозирони роҳ дар шаҳри Панҷакент...

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, хабар доданд, ки фарзанди онҳо давоми чанд рӯз боз бедарак гардидааст.

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия..

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, хабар доданд, ки...

Аз ҷониби кормандони Маркази «Шаҳри бехатар», барои бе рақами қайди давлатӣ идора намудани воситаи нақлиёт шаҳрванд Буриев Комрон — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота», рақами қайди давлатиаш 4299VV01, боздошт гардид.

Аз ҷониби кормандони Маркази «Шаҳри бехатар», барои бе рақами қайди..

Аз ҷониби кормандони Маркази «Шаҳри бехатар», барои бе рақами қайди давлатӣ идора намудани воситаи...

Комментарии (0)