Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Раҳмон пизишкони Тоҷикистонро табрик кард: Шумо ворисони Абуалӣ ибни Сино ҳастед

Раҳмон пизишкони Тоҷикистонро табрик кард: Шумо ворисони Абуалӣ ибни Сино ҳастед
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикотиаш ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб таъкид кард, ки саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат ва шарти муҳимми пешрафти ҷомеа мебошад
ДУШАНБЕ, 18 авг - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур дар паёми табрикотиаш, ки дар сомонаи расмии раисҷумҳур нашр шудааст, таъкид кард, ки беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини мамлакат ҳадафи аслии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
"Шумо намояндагони касбе мебошед, ки ба умеду боварӣ, меҳрубониву садоқат ва ҳаёти инсон пайванди мустақим дорад. Ҳар шахси ранҷуру бемор, ки ба шумо муроҷиат мекунад, пеш аз ҳама, ба донишу таҷриба ва муносибату муоширати неку хайрхоҳонаатон эътимод мебандад. Имрӯз ҷомеа аз кормандони тиб на танҳо дониши баланди касбӣ, балки ахлоқи ҳамида, меҳрубониву масъулиятшиносӣ, одоби муошират ва эҳтиром нисбат ба ҳар беморро талаб менамояд. Ин арзишҳо дар фаъолияти ҳар табиб бояд дар мақоми аввал қарор дошта бошанд",- афзуданд Эмомалӣ Раҳмон .
Раисҷумҳур ҳамчунин изҳор дошт, ки рушди босуръати тибби муосир ҳар мутахассисро водор менамояд, ки донишу малакаи кориашро пайваста такмил диҳад, технологияҳои навро азхуд намояд, таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро омӯзад ва онро дар амал татбиқ созад.
Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол ба сол бештар гардида, то имрӯз дар саросари мамлакат ҳазорҳо муассисаи наву замонавии тиббӣ бунёд карда шудаанд.
“Муассисаҳои тиббии кишвар ҳоло бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд, ки барои ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат ва беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат карда истодааст”, - гуфт ӯ.
Разбари кишвар қайд кард, ки дар баробари рушди инфрасохтор, рақамикунонии соҳа низ босуръат пеш меравад.
Ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилооти тандурустӣ, истифодаи сабтҳои электронии тиббӣ ва васеъ намудани хизматрасониҳои рақамӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки дар солҳои наздик сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.
Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва зиёд шудани давомнокии умри аҳолӣ мусоидат менамоянд, гуфт раҳбари кишвар.
Дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ шаҳрванд Кузнесов Артур, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ шаҳрванд Кузнесов Артур, сокини..

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1...

Саркозӣ шартан пеш аз мӯҳлат озод карда шуд

Саркозӣ шартан пеш аз мӯҳлат озод карда шуд..

Президенти собиқи Фаронса Николя Саркози, ки ин вазифаро дар солҳои 2007-2012 ишғол кардааст, дар...

ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 3,5 ҲАЗОР ШИРКАТУ КОРХОНА БО САРМОЯИ ХОРИҶӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКАРДААНД

ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 3,5 ҲАЗОР ШИРКАТУ КОРХОНА БО САРМОЯИ ХОРИҶӢ..

ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 3,5 ҲАЗОР ШИРКАТУ КОРХОНА БО САРМОЯИ ХОРИҶӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКАРДААНД...

Се нафар дар ҷашни баромади Мексика ба 1/8 финали ҶОМИ ҶАҲОН кушта шуданд

Се нафар дар ҷашни баромади Мексика ба 1/8 финали ҶОМИ ҶАҲОН кушта..

Одамон дар ноҳияи Проспекти Пасео-де-ла-Реформа Дар Мехико, ки дар он ҷо мухлисон ҷамъ омада буданд,...

Навори муноқишаи ду нафар ҷавон, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ ба миён омадааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон шудааст.

Навори муноқишаи ду нафар ҷавон, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ ба..

Навори муноқишаи ду нафар ҷавон, ки дар заминаи нофаҳмиҳои оилавӣ ба миён омадааст, дар шабакаҳои...

Комментарии (0)