Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

“СЕ МОҲ БОЗ ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ”. ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БЕДАРАК ШУДААСТ

“СЕ МОҲ БОЗ ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ”. ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БЕДАРАК ШУДААСТ
“СЕ МОҲ БОЗ ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ”. ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БЕДАРАК ШУДААСТ
Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.
asia+
Пайвандони Шералӣ Файзов, як муҳоҷири тоҷик беш аз се моҳ аст, ки ӯро ҷустуҷӯ доранд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон зодаи шаҳри Кӯлоб буда, тақрибан 7 моҳ пеш барои кор ба Маскав рафта буд. Ӯ бори охир, дар поёни моҳи декабр, пеш аз ҷашни соли нав бо оилааш тамос гирифта буд.
Алишер Туразода, бародари Шералӣ Файзов имрӯз, 8-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, то имрӯз талошҳои онҳо барои ёфтани бародарашон бесамар анҷомидааст.
Ба гуфтаи ӯ, Файзов дар Маскав дар сохтмон кор мекард ва дар охирон сӯҳбаташ гуфтааст, “корҳояш хубанд ва мушкилие надорад”.
“Ба дӯстонаш гуфтааст, ки як кори нав ҳаст, моро барои 6 моҳ ба онҷо мебаранд. Ӯ гуфтааст, ки маконе, мераванд мавҷ нест ва тамос гирифтан мушкил аст. Ҳоло умедворем, ки шояд ин гуфтаҳо дуруст бошанд ва бо гузашти ин муддат пайдо мешавад”, – гуфт бародари ин муҳоҷир.
Шералӣ Файзов оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.
Алишер Туразода гуфт, то ҳол ба мақомоти Тоҷикистон дар Русия дар хусуси бедарак шудани Файзов муроҷиат накардаанд. Чунки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои паёмрасон дар хусуси гум шудани бародараш эълон гузоштаанд ва бовар доштанд, ки пайдо мешавад. Вале то кунун аз ӯ хабаре дарёфт накардаанд. Ҳоло нақша доранд, ки ба мақомоти Русия ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар муроҷаит кунанд.
Бояд гуфт, ин аввалин ҳодисаи гум шудани муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Русия нест. Қаблан, махсусан баъди оғози ҷанги Русия дар Украина хонаводаҳо дар Тоҷикистон бештар эълони бедарак шудани пайвандонашро расонаӣ мекунанд. Гоҳо нафарони гумшуда ҷасадашон дар ҷанг пайдо мешаванд ва ё дар ин муноқишаҳо аз худ дарак медиҳанд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки бо гузашти солҳо аз онҳо дараке нест.
Аз ҷумла, хонаводаи Манучеҳр Болтуев, сокини шаҳри Хуҷанд, ки дар Маскав дар сохтмон кор мекард, чандин моҳ ӯро ҷустуҷӯ карданд, вале бенатиҷа будааст.
Ӯ шаби 22 ба 23-юми марти соли 2023, дақиқан ҳамон шабе, ки ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” ҳамла шуд ба хонаводааш тамос гирифта мегӯяд, аз сабаби шароита бад доштан, тариқи мошин ва аз қаламрави Ӯзбекистон ба Ватан бармегардад. Хонаводааш ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки бо гузашти беш аз 1 сол аз ин гуфтугӯ аз ӯ хабаре надоранд.
Омори дақиқи теъдоди муҳоҷирони тоҷике, ки дар қаламрави Русия нопадид мешаванд маълум нест. Хонаводаҳо дар бештари ҳолатҳо хабари зиндони шудан ё марги онҳоро мегиранд.
Дар Тоҷикистон феҳристи номҳои "дуруст" - арабӣ ва ғарбӣ таҳти манъ васеъ карда шуд

Дар Тоҷикистон феҳристи номҳои "дуруст" - арабӣ ва ғарбӣ..

Дар Тоҷикистон "Феҳристи навшудаи номҳои миллии тоҷик" тасдиқ шуд, ки аз он вариантҳои...

Фурудгоҳи Ҷакарта назорати мусофиронро аз ИМА ва се кишвари дигар бо сабаби хантавирус тақвият дод

Фурудгоҳи Ҷакарта назорати мусофиронро аз ИМА ва се кишвари дигар бо..

Агентии карантин ва тандурустии фурудгоҳи байналмилалии Сукарно-Хатта Дар ҷакартаи индонезия назорати...

ЗАКОТ БА КӢ ФАРЗ АСТ, ОНРО БОЯД БА КИҲО ДОД ВА КӢ АЗ ИН САДАҚАИ ҲАТМӢ ОЗОД АСТ? МУҲИМТАРИН НУКОТ ДАР БОРАИ ЗАКОТ

ЗАКОТ БА КӢ ФАРЗ АСТ, ОНРО БОЯД БА КИҲО ДОД ВА КӢ АЗ ИН САДАҚАИ ҲАТМӢ..

ЗАКОТ БА КӢ ФАРЗ АСТ, ОНРО БОЯД БА КИҲО ДОД ВА КӢ АЗ ИН САДАҚАИ ҲАТМӢ ОЗОД АСТ? МУҲИМТАРИН НУКОТ ДАР...

Бо роҳи ҷинсӣ гузаранда: сироятҳои хатарнок дар саросари ИМА паҳн мешаванд

Бо роҳи ҷинсӣ гузаранда: сироятҳои хатарнок дар саросари ИМА паҳн..

Ин сироят асосан аз алоқаи ҷинсӣ мегузарад ва дар мардони болиғ бештар маъмул аст....

Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад

Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум,..

Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад...

Комментарии (0)