Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 3,5 ҲАЗОР ШИРКАТУ КОРХОНА БО САРМОЯИ ХОРИҶӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКАРДААНД

ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 3,5 ҲАЗОР ШИРКАТУ КОРХОНА БО САРМОЯИ ХОРИҶӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКАРДААНД
ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 3,5 ҲАЗОР ШИРКАТУ КОРХОНА БО САРМОЯИ ХОРИҶӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКАРДААНД
Аз Кумитаи андоз гуфтанд, ки чаро соҳибкорони тоҷикистонӣ барои кор ба Ӯзбекистон мераванд?
-----
Муаллиф: Шоираи Қудрат, Asia-Plus
То имрӯз беш аз 3 ҳазору 500 ширкату корхона (субъекти хоҷагидорӣ) бо сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон кор мекунанд, ки намояндагони 85 кишвар мебошанд.
Аз Кумитаи андози Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ худро дар қайди ин ниҳод гузоштаанд. Онҳо, ҷумла намояндагони Чин, Русия, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, теъдоди аксари ин корхонаҳо ба соҳибкорони чинӣ дахл дорад. Шумораи корхона ва соҳибкороне, ки дар Тоҷикистон бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекунанд, ба таври зайл будааст:
Чин – 1117 адад;
Афғонистон – 424 адад;
Русия – 403 адад;
Эрон – 328 адад;
Туркия – 157 адад;
Ӯзбекистон – 155 адад;
Қазоқистон – 109 адад;
Дигар кишварҳо – 807 адад.
♦️Чаро соҳибкорони тоҷик барои кор ба Ӯзбекистон мераванд?
Ин хабар дар пасманзари он нашр мешавад, ки чанде пеш Кумитаи омори Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, ба 410 адад расидааст. Ин теъдод 6 моҳ пеш, то 1 июли соли 2025-ум 357 буд ва дар ин муддат, 53 корхонаи дигар кушода шудааст.
Қаблан, иқтисодшиносон мегуфтанд, ки яке аз сабабҳои фирори соҳибкорон аз Тоҷикистон баланд будани меъёрҳои андозҳо ва фазои номусоиди соҳибкорӣ аст. Вале Кумитаи андоз ин иддаоро рад карда мегӯяд, “ин як раванди маъмулии иқтисодӣ аст" ва ҳадафи ин соҳибкорон васеъ намудани доираи тиҷорати худ мебошад.
“Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд, аз ҷониби шаҳрвандон берун аз ҷумҳурӣ ташкил ва идома додани фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, ба гирифтани фоидаи бештар, васеъ намудани тиҷорат, зиёд будани талабот ба мол дар бозор, қулай будани содироти мол ба дигар кишварҳои ҳамсарҳад, беҳтар ба роҳ монда шудани хидматрасониҳои логистикӣ ва дигар омилҳо алоқамандӣ дорад” – мегӯяд Кумитаи андоз.
Ба иттилои ин ниҳод, то 1-уми январи имсол, теъдоди ширкату корхона ва соҳибкорони Ӯзбекистон, ки дар кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, 155 адад буда, нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 20 адад зиёд будааст.
Манбаъ мегӯяд, "беш аз 45% ширкату корхона ва соҳибкороне, ки дар ин кишвар бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар ватан низ ба соҳибкорӣ машғул мебошанд".
Ба қавли манбаъ, аз нигоҳи иқтисодӣ дар кишвари Ӯзбекистон зиёд шудани корхонаҳо бо саҳми шаҳрвандони Тоҷикистон, “бештар ба интихоби оқилонаи соҳибкорон алоқамандӣ дорад” ва соҳибкорони тоҷик дар Ӯзбекистон бозори ояндадор ва васеътарро барои рушд ва даромади иловагӣ мебинанд.
“Барои муқоиса, аҳолии Ӯзбекистон - зиёда аз 37 миллион нафарро ташкил дода, шароит барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвари ҳамсоя нисбат ба ҷумҳурии мо нисбатан зиёданд. Бинобар ин, ширкатҳои ватанӣ барои васеъ намудани доираи фаъолияти худ, дастрасӣ ба бозор, ки аз кишвари мо қариб 4 маротиб калонтар мебошад ва дигар имкониятҳои дастрас, соҳибкории худро дар кишвари ҳамсоя ташкил менамоянд”, - гуфтанд аз Кумитаи андоз.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон тавассути қоидаи "Минтақаи ҷалб" аз хориҷи дуру наздик соҳибкорон ва сармоягузронро ҷалб мекунад.
Бояд гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон дар умум 381 ҳазор ширкату корхона ва соҳибкор фаъолият мекунанд. Ин теъдод нисбат ба аввали соли 2025-ум 15 ҳазору 800 адад зиёд будааст.
----
Ширкати "Artel"-и Ӯзбекистон дар Тоҷикистон
40 шаҳрванди Исроил дар Фурудгоҳи Домодедово ҳангоми парвоз ба Маскав чанд соат боздошт шуданд

40 шаҳрванди Исроил дар Фурудгоҳи Домодедово ҳангоми парвоз ба Маскав..

На камтар аз 40 шаҳрванди Исроил дар фурудгоҳи Домодедовои маскав рӯзи 19 апрел ҳангоми парвоз ба Русия...

Афсари собиқи ВКД-и Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудааст

Афсари собиқи ВКД-и Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудааст..

Ҷасад ё пайкари як сарҳанг (полковник)-и собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро, ки дар ҷанги...

Дар Ҷопон ду қаиқ бо эътирозгарони зидди сохтмони ПОЙГОҲИ ИМА ба замин афтоданд, кушташудагон ҳастанд

Дар Ҷопон ду қаиқ бо эътирозгарони зидди сохтмони ПОЙГОҲИ ИМА ба..

Дар Ҷопон ду қаиқ бо эътирозгарони зидди сохтмони пойгоҳи амрикоӣ ба замин афтоданд, ки дар натиҷа ду...

Нетаняҳу: Исроил бояд тадриҷан аз кӯмаки молиявии амрико даст кашад

Нетаняҳу: Исроил бояд тадриҷан аз кӯмаки молиявии амрико даст кашад..

Тел-Авив солона Аз Вашингтон 3,8 миллиард доллар мегирад. Исроил бояд тадриҷан аз дастгирии молиявӣ ва...

Барои худсарона ва беасос баланд бардоштани нархи маҳсулот, фиреби истеъмолкунандагон ва начаспонидани нархномаҳо ба молу маҳсулоти ба фурӯш баровардашуда ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Барои худсарона ва беасос баланд бардоштани нархи маҳсулот, фиреби..

Барои худсарона ва беасос баланд бардоштани нархи маҳсулот, фиреби истеъмолкунандагон ва начаспонидани...

Путин Ва Трамп гуфтугӯи телефонӣ карданд

Путин Ва Трамп гуфтугӯи телефонӣ карданд..

Президенти РУСИЯ Владимир Путин бо ҳамтои амрикоии Худ Доналд Трамп сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. ДАР ин...

Комментарии (0)