Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Афсари собиқи ВКД-и Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудааст

Афсари собиқи ВКД-и Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудааст

Ҷасад ё пайкари як сарҳанг (полковник)-и собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шуда буд, дар ноҳияи Восеъ дафн кардаанд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, маросими дафни Маҳмадҷон Бозоров, машҳур бо лақаби "Маҳмади Вандам", рӯзи 15-уми июн дар деҳаи Восеъободи калон баргузор шуд.

Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахостанд номашон навишта шавад, тобути Маҳмадҷон Бозоровро як рӯз пеш аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд.

Ӯ то соли 2005 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард.

Ба қавли пайвандонаш, Маҳмадҷон Бозоров ҳафт сол пеш бо ҳафт фарзанд ба Русия кӯчида, шаҳрвандии ин кишварро гирифт ва дар онҷо ба фаъолиятҳои низомӣ идома дод.

То кунун хабари нопадид, асир афтодан ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Украина расонаӣ гардидааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандон ҳушдор дода буданд, ки дар ҷанги Украина ширкат накунанд, вале то кунун касеро ҷазо надодаанд ё ҳадди ақал расонаӣ накардаанд.

Зина ба зина парки нақлиётии милитсияи пойтахт бо воситаҳои нави нақлиёти хизматӣ навсозӣ гардида, шароити фаъолияти кормандони мақомоти милитсия беҳтар карда шуда истодааст.

Зина ба зина парки нақлиётии милитсияи пойтахт бо воситаҳои нави..

Зина ба зина парки нақлиётии милитсияи пойтахт бо воситаҳои нави нақлиёти хизматӣ навсозӣ гардида,...

Бо роҳи ҷинсӣ гузаранда: сироятҳои хатарнок дар саросари ИМА паҳн мешаванд

Бо роҳи ҷинсӣ гузаранда: сироятҳои хатарнок дар саросари ИМА паҳн..

Ин сироят асосан аз алоқаи ҷинсӣ мегузарад ва дар мардони болиғ бештар маъмул аст....

Раҳмон ба Пекин парвоз мекунад: дар паси сафари навбатии президенти тоҷикистон ба Чин чӣ истодааст

Раҳмон ба Пекин парвоз мекунад: дар паси сафари навбатии президенти..

Аз 11 то 14 май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати шахсии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си...

Кӯдаки яксола пас аз заҳролудшавӣ дар меҳмонхонаи Миср вафот кард

Кӯдаки яксола пас аз заҳролудшавӣ дар меҳмонхонаи Миср вафот кард..

Дар ҳамон меҳмонхона ду кӯдаки дигар бемор шуданд, онҳо барқароршавиро идома медиҳанд. Ариэлла Манни...

Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, як далели ташкили пойгаҳи ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт муаяйн карда шуд.

Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, як далели ташкили..

Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, як далели ташкили пойгаҳи ғайриқонунии воситаҳои...

Комментарии (0)