Марказ имкони дар як вақт қабул намудани то 400 табобатгирандаро дорад. Бо онҳо 200 мутахассиси соҳа кор хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 30 окт- Sputnik. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм кушода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он президент Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдор Рустами Эмомалӣ ширкат карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Маркази аутизми бо ибтикори шаҳрдорӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои ташхис, табобат, тавонбахшӣ ва таълими кӯдакони дорои нуқсони аутизм бунёд гардидааст.
Муассиса барои дастгирии ҳамаҷонибаи кӯдакони дорои аутизм, синдром Дауна, фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар, ақибмонии инкишофи нутқу равонӣ, нишонаҳои норасоии диққат ва гипперактивӣ, ҳамчунин оилаҳои онҳо, фароҳам овардани имкониятҳои нави хизматрасонии махсус ва мусоидат ба рушди қобилиятҳои инфиродии кӯдакон пешбинӣ шудааст.
Самтҳои асосии фаъолияти тавонбахшӣ дар марказ рушди малакаҳои ҷисмонӣ, муошират ва нутқ, амал ва рафтор, ҳаракатҳои хурду калон, рушди равонӣ, таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ ва мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии тарбиятгирандагонро дар бар мегиранд.
Иншооти нав аз се бинои панҷ, шаш ва ҳафтошёна иборат буда, бахшҳои тавонбахшӣ, таълимӣ ва меҳмонхонаро дар бар мегирад.
Марказ имкони дар як вақт қабул намудани то 400 табобатгирандаро дорад. Бо онҳо 200 мутахассиси соҳа кор хоҳанд кард.
Самтҳои ташхис ва машварат барои волидон
Дар марказ ҳафт шуъбаи соҳавӣ фаъолият намуда, самтҳои ташхис:
дахолати бармаҳал ва дастгирии оила,
Инчунин, марказ омӯзиш ва машваратдиҳии волидонро фаро мегирад.
Ҳамчунин, волидон метавонанд аз машварату роҳнамоии мутахассисон баҳра гирифта, барои дастгирии фарзандонашон донишу малакаи зарурӣ пайдо намоянд.
Муассиса дорои 10 синфхонаи таълимӣ, 102 ҳуҷраи корӣ ва маъмурӣ, 40 ҳуҷраи техникӣ ва ёрирасон мебошад. Ҳамчунин, дар он ду толори маҷлисӣ бо 90 ва 60 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 18 ҳуҷра барои қабули волидони кӯдакони табобатгиран